Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қатли раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сабзалӣ Мамадризоев дар Хоруғро маҳкум мекунад.
Ташкилоти «Созандагони Ватан» аз сохтори дахлдори давлатӣ дархост мекунад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишоти ҳамаҷонибаву мӯшикофона гузаронида шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, сарфи назар аз мавқеи сиёсӣ, марҳум намояндаи насли ҷавонони миллати тоҷик буд.
Дар робита ба рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» ҷавононро ба ваҳдату якдилӣ даъват карда, зикр кард, ки ба вазъи мавҷуда дар Хоруғ гурӯҳҳои муайяни ҷиноятпеша манфиатдоранд.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.