spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Талаби коммунистон бобати таъмини дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс»


Коммунистони Тоҷикистон аз ҳукуматдорон тақозо доранд, ки таъмини дастрасӣ ба сомонаи Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» барқарор карда шавад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала гуфт, дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро қатъ кардан лозим нест, зеро норасоии он дар замони муосир ба пайдоши шубҳаву гумон, ноамнӣ ва овозаҳои беасос дар ҷомеа боис мегардад.

«Ҳар як сиёсатмадори солимфикр ба хубӣ огаҳ аст, ки норасоии маълумот фазои холиро ба вуҷуд меорад ва вазъи имрӯзаи саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иттилооти зиёдеро талаб мекунад ва бахусус ҳангоме ки дар ВМКБ ҷараёни сулҳу субот оғоз гардидааст, арзиши ин иттилоот ба маротиб меафзояд», – гуфт раиси ҲКТ.

Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки ҳамчун сиёсатмадору вакили парлумон чандин маротиба дар бораи ин  ё он ҳаводиси ҷаҳону минтақа ва дохили ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» андешаҳои худро баён карда ва «ҳамеша аз сатҳи касбии журналистони ОИ «Азия-Плюс» қаноатманд буд, зеро онҳо дар маводи интишоршуда гуногунандеширо риоя мекарданд».

«Агар кадоме аз иттилооти ОИ «Азия-Плюс» ба ҳукуматдорон маъқул набошаду онҳо онро аз ҳақиқат дур пиндоранд, пас бигзор ба ивази бастани сомона фикру андешаҳои худро доир ба ин масъала баён кунанд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ муътақид аст, ки тавассути маҳдуд сохтани дастрасӣ ба иттилоот набояд ақидаи худро бо зӯрӣ ба каси дигар талқин намуд.

«Бубинед, муддати аллакай беш аз як сол аст, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия набарди воқеии итттилоотӣ роҳандозӣ шудааст, вале ҳукумати ӯ боре ҳам дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро маҳдуд накардааст, – мегӯяд пешвои коммунистон. – Метавон Ҷанги Бузурги Ватаниро низ ба гунаи мисол хотиррасон намуд. Ҳангоме ки шаҳр паси шаҳри дигареро фашистон ғасб мекарданду ҳарчанд барои мардум дардовар бошад ҳам, Сталин онро пинҳон намекард», – афзуд вакили парлумон.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...