Дар даҳаи дувуми моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти коршиносони Аршади кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ таҳти унвони «Ҳамраъйи исломӣ – ҳамбастагии исломӣ» баргузор хоҳад гашт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар нишастҳои мазкур ҷониби тоҷикистонӣ зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ муҳтарам Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳайъати муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорат Ардашер Қодирӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев иштирок хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дар нишасти коршиносони Аршади кишварҳои Аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ муовини вазир Низомиддин Зоҳидов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев ширкат меварзанд.