spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Т. Айёмбеков: Мо барои хизмат ба Тоҷикистону сиёсати президент омодаем


Дар изҳороти худ ба аҳолии Бадахшон Толиб Айёмбеков иброз дошт, ки «рӯйдодҳои ахири Хоруғ кори дасти душманони мардуми тоҷик буда, он то ҳанӯз идома дорад». « Мо набояд ба ҷудоиандозӣ миёни миллат роҳ диҳем», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Т.Айёмбеков, ӯву бародаронаш «баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ силоҳро ба замин гузоштанд. «Мо омодаем, ки дар назди қонун ҷавоб бигӯем, – таъкид кард ӯ. – Бигзор гунаҳкор будани ин ё он шахсро мақомоти судӣ дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ муайян кунад. Мо аз номи худ ҷавоб хоҳем гуфт. Мо ҷонибдори ҳалли қонунии масъала будем ва ҳамин гуна боқӣ мемонем. Мо ҳамеша баҳри хизмат ба Тоҷикистон ва сиёсати сарвари давлат омодаем».

Айёмбеков аз тамоми шахсони мусаллаҳ даъват кард, ки баҳри амнияти вазъ силоҳҳоро супоранд «Сокинони Хоруғ бесаброна ташрифи президентро интизоранд, то ки тамоми нофаҳмиҳои маҷударо комилан ва бебозгашт ҳал намоянд», – зикр кард ӯ.

«Тӯли 20 соли истиқлол бо ташабббуси президент Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ корҳои ободонӣ сурат гирифтанд, – изҳор дошт Т.Айёмбеков. – Ҳамчунин сол то сол ба туфайли сиёсати дурандешонаи сарвари давлат сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят беҳбудӣ меёбад».

Толиб Айёмбеков ба мардуми Бадахшон муроҷиат карда, аз суханҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «на бо хун, балки бо об шустани хун»-ро ёдовар шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...