Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ ба муносибати таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлол барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ дошта, ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ ба ҳамкориҳои судманди гуногунарса рушду густариш бахшида, сатҳи он ба зинаҳои баландтар бардошта шавад.
«Тоҷикистон мисли пешина, мӯътақид бар он аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онон, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад», – омадааст дар барқия.
Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ мекунад, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.