Шоми рӯзи чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи корӣ ба Туркманистон сафар кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саидов, директор оид ба молия ва тиҷорати КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Шералӣ Кабиров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Субҳи имрӯз дар Ашқобод гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи олӣ дар назар аст.
Бино ба иттилои як манбаи ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов маосили дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблан батасвибрасида миёни кишварҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, ҳамчунин дар ҳузури онҳо як баста созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд.