spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии вазъи ВМКБ дар мулоқоти М.Кабирӣ бо намояндаи ВКХ Олмон


Чанде қабл дар қароргоҳи ҲНИТ вохӯрии роҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва масъулини ҳизб бо хонум Антҷе Линдертсе, раиси қисми Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Ҳейнер Ҳорстейн баргузор гашт.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо масоили марбут ба вазъияти кунунии минтақа, кишвар ва Бадахшонро баррасӣ намуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз ҳукумати Олмон барои ҳамкорӣ ва кумакҳояш ба Тоҷикистон ва инчунин барои муносибати мутавозинаш бо ҳукумат ва аҳзоб изҳори миннатдорӣ кард.

Дар робита ба вазъи кунунии ВМКБ, Муҳиддин Кабирӣ мавҳеъи ҳизбро баён намуда, онро душвор, вале ҳалшаванда номид. Вай гуфт: «Роҳи ҳал ҳам танҳо дар муколама ва ҳамдигарфаҳмии ҳукумат бо мардум мебошад. Ҳизби мо аз аввал ҷонибдори роҳи ҳалли мусолиматомези ин қазия мебошад ва ба назари мо, ҳалли он танҳо аз тариқи гуфтушунид буд ва ҳаст. Мо қатъиян зидди хушунат ва истифодаи артиш ва умуман силоҳ дар чунин ҳолат ҳастем».

Инчунин роҳбари ҲНИТ нақши созмонҳои байналмилаллиро дар ҳалли қазия муҳим шуморида, гуфт: «Мо аз ҳама созмонҳои байналмиллалӣ ва корпусҳои дипломатие, ки дар ҳалли осоиштаи ин қазия дар даври аввали он саҳм гузоштанд, изҳори сипос мекунем. Бовар дорем, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ хоҳони ҳалли ингуна қазияҳо бо роҳи осоишта мебошанд. Барои мавқеъи дуруст доштани ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбати ингуна масоил бояд шинохти воқеъӣ вуҷуд дошта бошад. Мутаассифона, баъзан дар Ғарб аз вазъияти воқеии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо пурра огоҳ нестанд, ки ин боиси баҳогузориҳои нодуруст мегардад».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...