Ахири ҳафтаи гузашта дар Вашингтон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ Уиллям Браунфилд барпо гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот дипломати тоҷик қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мубориза бар зидди маводди мухаддир бо дарназардошти хатари он ба ҷамъият ва амнияти кишвар тавваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва бо ин мақсад бо кишварҳои дӯст, аз он ҷумла ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст. Ӯ вазъи имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаро дар ин соҳа қаноатбахш арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки ҳарду ҷониб тавон ва имкониятҳои бештарро барои рушди он доранд.
Уилям Браунфилд дар навбати худ таъкид кард, ки имрӯз ИМА ҳамкориашро бо Тоҷикистон дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ бо Афғонистон ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир идома медиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир назаррас аст.
Дипломати амрикоӣ илова намуд, ки ҷиҳати вусъати минбаъдаи ҳамкории самарабахши дуҷониба ҷониби америкоӣ дар доираи фаъолияти барномаҳои худ кӯмакашро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад.