Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи шонздаҳуми сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳҳуд (Non-Aligned Movement – NAM) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Иҷлосия дар пойтахти Эрон санаи 26-уми август дар сатҳи коршиносон оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи сарони кишварҳо ҷаласаи якум баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳаракати адами тааҳҳуд созмони байнулмилалӣ буда, соли 1955 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он 118 кишвар шомиланд, ки ҳамроҳ нашудан ба ҳеҷ кадоме аз эътилофу иттиҳодҳоро эълом доштаанд. Нишастҳои ҳаракат дар сатҳи сарони кишварҳои узв 15 маротиба доир гаштаанд.
Нишасти охирини ин Ҳаракат аз 11 то 16-уми моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуд. Ҳайати Ҳаракат аз 53 кишвари Африқо, 39 давлати қораи Осиё, 26 кишвари Амрикои Лотинӣ ва 1 давлати Аврупо иборат аст.