Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарор

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9-10 март бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Дар изҳороти матбуотии Президенти Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокирот бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, ба имзо расид.

Дар изҳороти муштараки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ қайд шуд, ки сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни кишварҳо, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (15)















Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон ширкат варзида, баргузории чунин чорабиниҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар консерти тантанавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон итминон изҳор кард, ки чорабинии мазкур ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва накӯҳамсоягӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии байни кишварҳоямон мусоидат мекунад.

Дар идома Сарони кишварҳо ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.

Субҳи рӯзи 10 март Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварда, табиати зебову оби мусаффои дарёи шӯхи Варзобро тамошо карданд.

Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Қобили зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон давоми ду рӯз – 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...