Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ли Кетсян ва ҳамсараш бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос шуданд.
Дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СХШ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро низ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Қобили зикр аст, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ Сарвазирони Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф оварданд.
Имрӯз роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.