Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ба Душанбе омад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Asia-Plus

Сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Помпмершайм ба Душанбе омад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи сафорати ИМА қайд мешавад, ки барои сафир Поммершайм хизмат ба Иёлоти Муттаҳида ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ифтихори баланд мебошад.

Гуфта мешавад, санаи 22-юми феврали соли 2019 ӯ дар Вашингтон (округи Колумбия) савганд ёд кардааст. Дар ҳамин ҷо навори видеои сафир гузошта шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҷон Марк Померршай санаи 7 январи соли 2019 аз ҷониби Доналд Трамп сафири ИМА дар Тоҷикистон таъин шуд.

Пеш аз ин ӯ ба ҳайси ҷонишини сафири Амрико (2015-2018) дар сафорати ИМА дар шаҳри Остонаи Қазоқистон адои вазифа намудааст.

Пеш аз фаъолияти корӣ дар Қазоқистон ӯ вазифаи Директори Идораи корҳо оид ба Қафқоз ва муноқишаҳои минтақавӣ дар назди Бюрои корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатиробар дӯш доштааст, ки дар чорчӯбаи он ӯ ба роҳбарии доираи густурдаи муносибатҳои Амрико бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон масъул буд.

Дар доираи фаъолияти дипломатии худ Поммершайм дар силсилаи вазифаҳои гуногун дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати ИМА дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи Консули генералии ИМА дар шаҳри Владивостоки Русия адои вазифа намудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Коверт: «ИМА минбаъд низ баҳри ҳифзи озодии дину ақоид талош меварзад»

Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии Амрикоӣ) дар шаҳри Москав фаъолияти корӣ намудааст. Ӯ инчунин дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияи иттилоотӣ бо Агентии иттилооти ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардааст.

Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания буда, соҳиби дипломҳои таҳсилӣ аз донишгоҳҳои Бакнелл ва Колумбия, ҳамчунин Донишкадаи давлатии забони русии Пушкин бо стипендияи Вазорати мудофиа аст. Забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чиниро медонад. Ҳамсараш Наталия Поммершайм буда, онҳо соҳиби се писар мебошанд.

Вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон аз тобистони соли 2017, пас аз ин мансабро тарк кардани Элизабет Миллард холӣ буд. Аз ҳамон дам то ин замон Кевин Коверт ба сифати иҷрокунандаи вазифи сафири ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.