spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешвои ҲСДТ: “Мардум ба мо эътимод доранд, ҳукумат баръакс”

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров дар рӯзи солгарди таъсисёбии ҳизб дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар бораи дастоварду мушкилоти асосии ҳизб изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Зойиров, ҳизби “Ҳизби Адолат ва Тараққиёт” (номи пешинаи ҲСДТ – Эзоҳи идора) 18 марти соли 1998 дар Анҷумани таъсисотӣ бунёд шуда буд.

Пас аз як моҳ Оинномаи ҳизб бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рӯйхати ҷонибдорон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод гардид.

“Бо асосҳои воқеӣ (таъхири қабули қонуни ҶТ дар бораи аҳзоби сиёсӣ) ва ғайривоқеӣ он замон сабти давлатии ҳизб ба дарозо кашида, дар натиҷа он баъди 300 рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои сабт ба қайд гирифта шуд”, – ба хотир меорад Зойиров.

Рӯзи 5 феврали соли 1999 ҳизб расман аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд.

Вазири адлияи ҳамонвақтаи Тоҷикистон Шавкат Исмоилов ба раҳбарияти ҳизб Шаҳодатнома дар бораи қайди давлатиро супурд.

“Он замон ба туфайли созишномаи имзошуда дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 байни ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин, дар Тоҷикистон тамоилҳои демократӣ нисбат ба авторитарӣ бештар буданд”, – чунин мешуморад раиси ҳизб.

Ӯ бар ин назар аст, ки эътимоди мардумро ба ҲСДТ имрӯз метавон дастоварди асосии ҳизб шуморид.

“Мардум бо мушкилашон назди мо меоянд, орзуву омоли худро мегӯянд, чизҳоеро мегӯянд, ки ба намояндаи ҳукумат гуфта наметавонанд, наметарсанд, ки бо ҳизби мухолиф гуфтугӯ доранд, аз пайвастан ба сафҳои мо ҳарос надоранд ва ин дастоварди асосии ҲСДТ аст”, – мегӯяд пешвои ҳизб.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили асосии ҳизб аз замони таъсисёбиаш нобоварии сохторҳои ҳукумат нисбат ба ҲСДТ буду то ҳол боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...