spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни миллии Эронро табрик гуфт: “алоқаманди тавсеаи равобити дӯстонаем”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Ҷашни миллии Эронро, ки мусодиф ба солгарди Инқилоби исломӣ дар ин кишвар аст, бо ирсоли як нома ба унвони раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ, табрик гуфтааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид рӯйи муштаракоти таърихиву маънавии равобити Тоҷикистону Эрон, гуфтааст, сарафроз аст, ки мардуми Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ифтихори солгарди Ҷашни миллии кишварашон табрик ва шодбош мегӯяд. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин номаи табрикии худ гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тавсеа ва таҳкими равобити  дӯстона ва ҳамкориҳои судманд ва самарабахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад. 

"Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак, дар оянда низ густариш хоҳад ёфт. Фурсатро ғанимат шумурда, барои ҷаноби олӣ саломатӣ ва комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саъодат ва шукуфоӣ орзумандам",-гуфта мешавад дар номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар як номаи табрикӣ ба унвони ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷаводи Зариф  низ Ҷашни миллии Эронро табрик гуфтааст. 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо таъкид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд, гуфтааст, "итминон дорам, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ, сулҳ ва субот дар минтақа ва дар партави ҳамкорӣ ва талошҳои муштарак, шоҳиди густариши равобити ду кишвари дӯсту бародар дар ҳама заминаҳо бошем".

Имсол аз Инқилобии исломии Эрон 42 сол мегузарад, ки 10-уми феврали соли 1979 бар пайи он дар ин кишвар режими шоҳӣ сарнагун ва низоми ҷумҳурии исломӣ роҳандозӣ шуд. Ин рӯзро дар Эрон ба унвони Ҷашни миллии Эрон таҷлил мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...