spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дидори Саймумин Ятимов бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дидор кардаст. Дар ин бора Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳфаи фейсбукияш бо гузоштани чанд акс хабар додааст. 

Мулоқоти Саймумин Ятимов бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул, рӯзи якшанбеи 14-уми феврал сурат гирифтааст. Ҳарчанд расонаҳои расмии Тоҷикистон дар мавриди ин дидор иттилое нашр накардаанд, ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, дар ин мулоқот бар сари масоили муҳими ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили амниятӣ гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.

Ба навиштаи  Абдуллоҳ Абдуллоҳ, "дар ин дидор дар мавриди талошҳои сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти Давҳа, вазъияти амниятӣ, равобити дуҷониба ва авзои имрӯз миёни  Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс ва табодули назар сурат гирифт".  

Раиси Шӯрои олии Мусолиҳаи Афғонистон ҳамчунин навиштааст, ки "бо қадрдонӣ аз ҳимояти усулӣ ва ҳамешагии ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон, бар аҳамияти  идома додани иҷмои минтақаӣ дар даст ёфтан ба сулҳи доимӣ таъкид кардем".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акс аз саҳфаи фейсбукии Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Ҳоло маълум нест, ки сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул то чанд рӯзи дигар давом мекунад ва мулоқоти ӯ ба кадом мақомҳои дигари ин кишвар дар назар аст. Аммо чанд рӯз пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода буд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар суҳбат ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

"Сарвари давлати мо бори дигар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз Ҳукумати  Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии  кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд",- гуфта шуд дар хабарномаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. 

Дар ин суҳбати телефонӣ ҳам гуфтугӯҳо бар сари ҳамкорӣ дар соҳаи амният сурат гирифта, вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. 

Гуфта мешуд, ки "ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди  Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...