spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Эронро ба аҳамияти иҷрои қарордодҳои дуҷониба ҷалб кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 феврал вазири кишвари (корҳои дохилии) Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард, ба ҳузур пазируфт пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат сарвари давлати Тоҷикистон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима кард.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки то ба имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон бо ин Пешвои миллат зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вобаста ба ин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти бӯҳронии шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, мавриди баррасӣ қарор дошт.

Дар ин зимн ҷонибҳо нисбати иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, ҳамчунин атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...