spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сатторзода: Ман натавонистам дар солҳои 90-ум бетараф бошам

Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, донишмандони варзидаи тоҷик дар бахши адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мебошад. Дар оғози ҳаракати миллихоҳӣ ва истиқлолталабӣ, дар шуруъи солҳои навадуми асри гузашта яке аз муассисон ва фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд ва баъдан ҳамчун узви Музокироти сулҳи тоҷикон ва Комиссияи оштии миллӣ дар раванди татбиқи Созишномаи умумӣ барои ба даст овардани ризояти миллӣ ва сулҳ фаъолона иштирок кард. Сипас дар Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ҳайси  муовини вазир муқаррар гардид. Феълан сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии  берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар ҳамин шабурўз  ба синни мубораки 70 расид. Ин мусоҳиба ба ин муносибат ва баъзе масълаҳои муҳимми кишвар бо эшон аст.

Ман як рӯ дорам, гуна-гуна набудам…

Сулаймонӣ: Наздик ба 50 сол аст, ки шуморо ҷомеаи Тоҷикистон ба сифати як донишманд, як фарҳангӣ,  як фаъоли сиёсӣ ва як ходими намоёни давлатӣ мешиносад. Яъне чеҳраву шахсияти Шумо барои ҷомеаи Тоҷикистон ошност. Аммо, агар аз ин ҳама бигзарем, шумо ба боргоҳи 70 қадам гузоштаед, лутфан бигӯед, ки падидаи Сатторзодаи инсон, Сатторзодаи олим ва Сатторзодаи ходими давлатиро чӣ гуна тафсир мекунед? 

Сатторзода: Аз нигоҳи ман ин се Сатторзодае, ки шумо гуфтед, дар асл якест ва ҳеч яке аз дигаре ҷудо нест. Ман ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар илм, ҳам дар сиёсат ва ҳам дар фарҳангу дипломатия як чеҳра, як рў дорам. Ҳеҷ вақт гуна-гуна  набудам. Шахси худро ба илмиву адабӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ғайри он ҷудо накардаам. Ва ин барои ман як чизи усулӣ аст, ки инсон дар ҳама ҳолат ва маврид, аз ҷумла дар илм, дар сиёсат, дар фарҳанг бояд ҳамон тавре  бошад, ки дар зиндагии ҳамарӯзааш  ҳаст.

Сулаймонӣ: Ин савол ба он хотир буд, ки як идда аз ҳамкорони собиқи шумо ва ҳамчунин бархе аз адабиётшиносон ба ин назаранад, ки бо рафтани Сатторзода ба сиёсат адабиётшиносӣ ва нақди адабии  мо хеле чизҳоро бохт.

Сатторзода: Ман ҳам шунидам ингуна назарҳоро. Вале он асосе надорад. Ман ба сиёсат рафта бошам ҳам, илм,  адабиётшиносӣ ва нақди адабиро ҳаргиз тарк накардаам. Ба сиёсат рӯ овардани ман ба олимии ман халал нарасондааст.  Солҳое, ки ба сиёсат машғул будам, пайваста китобу мақолаҳоям дар бахши  адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар дохил ва хориҷ ба нашр мерасиданд. Солҳое, ки, ба истилоҳ бо сиёсат машғул будам, аз ҷумла китобҳои «Тарихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Арасту  ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2002), «Кўҳна ва нав» (2004, 2006), «Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 8) (2009) ва беш аз сад мақолаву тақриз чоп кардам.

Барои маҷмӯаи мақолаҳоям дар адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ба гирифтани Ҷоизаи адабии ба номи Садриддини Айнӣ сазовор шудам. Дар ҳамин рўзҳо як китоби ман бо номи «Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ» дастраси аҳли илму адаб гардид, ки ба навиштани он 23 сол пеш дар Афғонистон ҳангоми устоди Донишгоҳи Кобул буданам шурӯъ карда, бо такмилу тасҳеҳи он машғул будам. Акнун худатон қазоват кунед, ки оё сиёсат ба ман халал расондааст ё на. Гумон намекунам, ки он ҳамкорони собиқ ва донишмандони муҳтараме, ки бо сиёсат машғул набуданд, аз ин бештар кореро анҷом дода бошанд. Худнамоиро дӯст намедорам, аммо чун ин гуна қазоватҳои зоҳирбинона солҳост, ки такрор мешаванд ва ҳоло фурсати муносибе ҳам шумо бароям муҳайё сохтед, ин ҳақиқатро ошкор кардам.

Сулаймонӣ: Устод, шояд тахмини онҳо бар ин асос бошад, ки агар шумо масруфи корҳои давлатӣ намебудед, шояд осори арзишманди дигаре низ таълиф мекардед ва ё дар тарбияи шогирдон бештар саҳм мегирифтед.

Сатторзода: Ин чизи дигар аст. Бидуни шак, сиёсат ва кори идорӣ вақти зиёдеро мегирад. Агар ман фақат ба илм ва таълим  машғул мешудам, шояд, дар воқеъ, корҳои бештареро  анҷом медодам.

Сулаймонӣ: Агар ба баҳси зиёӣ ва миллат таваҷҷӯҳ кунем. Шумо замоне ба сиёсат гаравидед, ки нафари шинохташуда, доктори илм ва мудири курсии адабиёт дар донишгоҳи муътабари ҷумҳурӣ  будед. Ҳамзамон  тавонистед, ки  дар умури сиёсӣ ва давлатӣ низ як силсила корҳоро анҷом диҳед. Бо таваҷҷӯҳ ба фаъолияти шумо, агар  ба нақши фарҳангиёну зиёиён дар сарнавишт ва саодати миллат бинагрем, он хеле камранг аст. Ба чӣ далел зиёии тоҷик наметавонад дар марҳилаи ҷадиди миллатсозии мо саҳми чашмгир бигирад?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъзеҳо ба ҳама сиёсатҳо ва низомҳо мувофиқанд… 

Сатторзода: Иллати асосиаш ба худи аҳли зиё  тааллуқ дорад. Ба кўшиш, ғайрат, ҷасорат ва масъулияти онҳо бастагӣ дорад. Ман, пеш аз ҳама, мехоҳам, ки дар бораи ҳамин иллате, ки ба худи зиёиён марбут аст, мулоҳиза ронам. Бисёре аз онҳое, ки худро зиёӣ вонамуд мекунанд, аз худ зиёӣ метарошанд, баҳонаҳоеро пеш меоранд. Аз қабили он, ки замона номусоид буд, шароиту имконоти лозима надоштанд, фулониҳо халал расониданд ва дигару дигар. Албатта, ингуна далелҳое, ки онҳо меоранд, беасос нестанд, аммо, ба гумони ман, дар сарнавишт ва саодати миллат саҳм доштан, пеш аз ҳама, вобаста  ба шахси худи зиёӣ мебошад.

Бояд зиёӣ, агар зиёии воқеъӣ бошад, на дуруғин, ақли миллӣ, андешаи миллӣ дошта бошад, ғами миллат, ғами кишвараш, ғами гузашта ва имрўзаи онро хўрад. Ба мушоҳидаи ман  аксари ба ном зиёиёни тоҷик ғайр аз ғаму дарди шахсияшон дигар ғаму дарде надоранд. Барои онҳо фарқе надорад, ки ҷомеа чӣ вазъ дорад, аҳли ҷомеа чӣ тавр рӯз мегузаронад, кишвар ба кадом самт меравад.

Барои онҳо бо миллату кишвар  ҳар чи шавад, шавад, аммо, худо накунад, ки ба онҳо ва манфиати  онҳо хурдтарин зараре расад. Онҳо парвои манфиати халқу миллату давлатро надоранд. Онҳо ибнулвақтанд, замонасозӣ мекунанд, бо ҳама сиёсатҳо ва низомҳо мувофиқ мешаванд  ва  зиндагӣ мекунанд. Барои онҳо, такрор мекунам, муҳимтар аз ҳама оромиву осудагии зиндагии фардиашон аст.

Барои ҳамин ҳам ман натавонистам дар солҳои навадум дар давраи барои миллату кишварам сарнавиштсоз   бетараф бошам. Чӣ тавр мешавад, ки ман гӯям, ки зиёӣ ҳастам, намояндаи ин миллат ҳастам, вале равам канору танҳо ғами худу зану фарзанди худу ду-се хешу таборамро хӯраму аз дур тамошо бикунам, ки чӣ хоҳад шуд бо ин миллат ва бо ин кишвар.

Намешавад гуфт, ки равандҳои демократии солҳои 90-ум ноком буданд…

Сулаймонӣ: Яъне далели аслии ба ҳаракатҳои фикриву сиёсии солҳои навадум майл пайдо кардани Шумо бастагӣ дошт ба рисолати рӯшанфикрии Шумо. Мехостед, ки  дар сарнавишту саодати миллат саҳму ҳиссаи худро бигузоред. Аммо тавре мушоҳида мешавад, ҳизбу ҳаракатҳои фикриву сиёсие, ки он замон пайдо шуданд ва шумо низ узви раёсати яке аз онҳо будед, дар рақобатҳо мисли ин ки ноком шуданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки беҳтарин фарҳангиён ва шахсиятҳои мо узву дастандаркори онҳо буданд. Мешавад гуфт, ки онҳо рисолати худро иҷро карда натавонистанд ва ноком шуданд?

Сатторзода:  Агар манзури Шумо он равандҳои демократие бошанд, ки ба шарофати замони бозсозиву ошкорбаёнӣ дар солҳои навадуми асри гузашта  дар Тоҷикистон зуҳур доштанд  ва агар аз сари инсоф нагузарем, онҳо, дар маҷмӯъ, бенатиҷа набуданд ва ноком ҳам нашуданд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азми росих ба сӯйи бунёди  ҷомеаи озоду ободи демократӣ ва шаҳрвандӣ равон аст.

Аксарияти иштирокдорони он равандҳо низ ҳаминро мехостанд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳануз  мо дар марҳалаҳои оғозини   бунёди низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорем. Ниҳодҳои демократиро  сохтем: низоми бисёрҳизбӣ, матбуоти озод, интихоботи демократӣ ва ғайри он, вале то ҳол ба фаъолияти дуруст ва босамари онҳо муваффақ нашудаем. Барои чӣ  муваффақ нашудем, инро сабаб чист, баҳси дигар аст. Хулосаи калом, ба ҳеч ваҷҳ ман наметавонам  бигӯям, ки равандҳои демократии солҳои навадум дар асри гузашта  ноком шудаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида ва шахсиятҳои ҷудогона ноком шуданд. Медонед барои чӣ?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сулаймонӣ:  Барои чӣ?

Сатторзода:  Ман, ки дар дохили онҳо будам, ба худ раво мебинам, ки  чунин суол гузорам  ва ба он ҷавоб бигўям. Ноком шудани ин ва ё он ҳизбу ҳаракат ва ё шахсият, пеш аз ҳама,  ба худи он ҳизбу ҳаракат ва фард  вобастагӣ  дорад. Онҳое, ки мегўянд, ки ба мо имкон намедиҳанд, ки фаъолият кунем ва фаъол бошем,  баҳонаҷуйе беш нест. Чаро Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (замоне ин мусоҳиба сурат гирифта буд ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнуъ эълон нашуда буд, соли 2011) ва роҳбарони он метавонанд, ки фаъолият кунаду аммо ҳизбу ҳаракатҳои дигар ва роҳбарони дигар не.  Магар кўшишҳо барои тақсиму таҷзия кардани Ҳизби наҳзат вуҷуд надошт? Вуҷуд дошт, вале ин ҳизб тавонист, ки якпорчагии худро нигаҳ дорад. 

Барои  он ки  ҳизбу ҳаракатҳои дигар  дар амал рисолати аслии худро ҳамчун ҳизбу ҳаракати сиёсӣ дарк накарда буданд ва натавонистанд, ки онро  амалӣ гардонанд. Меъёри аслӣ барои ҳар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд доштани мафкураву ҳадафи муайян ва барномаи  воқеъии амал  ба манфиати миллату кишвар бошад, на меъёри маҳалу манфиату ғаразҳои ин ва ё он шахсиалоҳида ва  гурӯҳи ҷудогона. Мутаассифона, низоми бисёрҳизбии мо низ ҳануз дар оғози шаклгирӣ қарор дорад ва табиист, ки ҳизбу ҳаракатҳо ва роҳбароне, ки роҳу рисолати аслии худро дуруст муайян карда натавонистанд,  ноком шуданд ва хоҳанд шуд.

Ман  бисёр афсўс мехўрам, ки аз он ҷумла Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки бо он мафкураи фарогир ва ҳамагонӣ ва имконоте, ки  дорад, дучори нокомист.

Ифтихори узвияти ҳизби демкоратро то ҳанӯз дорам…

Сулаймонӣ: Имрӯз ҳам узвияти ин ҳизбро доред?

Сатторзода:  Бале. Ҳанўз ҳам ифтихори узвияти онро дорам, аммо бо гурӯҳу гурӯҳакҳое, ки даъвои аз он ҳизб намяндагӣ карданро доранд, ҳамкорӣ надорам.

Сулаймонӣ:  Бо ҳамҳизбони собиқ алоқа доред, хусусан бо профессор Мусулмониён?

Сатторзода: Алоқаамро дар ҳама ҳолат ва маврид накандам ва нахоҳам канд. Профессор Раҳими Мусулмониён низ, ки бо сиёсат машғул буд, дар адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ як силсила корҳои шоистаеро анҷом дод ва ман аз ҳамаи онҳо бохабарам.  Бо Раҳмиҷон дар бораи рисолати ҲДТ дар марҳалаҳои муайян баҳсҳо доштем. Мусулмониён ба ҳайси муовин ва Шодмон Юсуф ҳамчун раиси вақти ҳизб, аввал ҷонибдори иштироки Ҳизби демократ дар Музокироти сулҳ буданд, вале баъдан аз иштирок даст кашиданд. Ҳизб музокираро давом дод, зеро бовар дошт, ки дар он шароит ягона роҳи ором кардани вазъ ва нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон иштирок дар Музокироти сулҳ буд. Худи ҳаёт дуруст будани иштироки ҲДТ дар раванди оштии миллӣ ва сулҳро исбот намуд.  

Сулаймонӣ: Устод. Шумо имрўз дар як ниҳоди муҳимми давлатӣ – Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, сардори як раёсати асосӣ ҳастед. Мо дар остонаи  ҷашни мубораки 20-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Шумо шоҳиди бевоситаи шаклгирии давлати миллии тоҷикон дар ин 20 сол ҳастед. Ба назари Шумо тасмимгириҳо ва сиёсатҳои ҷорӣ дар шароити имрўза моро ба куҷо мебаранд?

Сатторзода: 20 сол ба шумо маълум аст, ки дар назди таърих танҳо  лаҳзаест. Дар тўли 20 сол як кишвар наметавонад, ки тамоми хостҳову нақшаҳои худашро пиёда кунад. Наметавонад, ки якбора ба як кишвари пешрафтаву обод табдил ёбаду  халқаш осудаву зиндагии бофароғат дошта бошад ва ҳеч каму костие надошта бошад. Хусусан, барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки имконоти маҳдуди моддӣ ва табиӣ дорад. Илова бар ин, тавре ки ба худатон равшан аст, мо баъди дарёфти истиқлол вазъи ором надоштем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сатторзода бо хонаводааш

Андешаи миллӣ бояд ба андешаи музофотӣ пирӯз шавад

Ҳодисаҳои нохуши солҳои навадум,  ҷанги шаҳрвандӣ ба он халал расонданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки Президенти кишвар онро ба таври ҳаққонӣ «таҳмилӣ» меноманд. Тоҷикистони навистиқлолро нерӯҳо ва кишварҳои хориҷии манфиатдор ба ҳоли худ нагузоштанд. Имрўзҳо пас аз сипарӣ шудани бист сол намояндагони он нерӯҳо ва кишварҳои манфиатдор  ба сароҳат ва бе ҳеч истиҳола ва эҳсоси гуноҳ  эътироф намуда истодаанд, ки онҳо дар созмондиҳии он ҳодисаҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ иштироки бевосита ва фаъолона доштанд ва дар ин бора китобҳо менависанд ва чоп мекунанд.

Аз ин ҷост, ки  Тоҷикистон имрўз мушкилу муаммоҳои ҳалнашуда зиёд дорад: мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ  ва ғайра, аз қабили бекорӣ, набудани ҷойи кор, пастии сатҳи зиндагии мардуми  мо, фишори берунӣ ва ғайри он. Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони он кўшиш дорад, ки ин мушкилотро ҳал намояд. Вале, мутаассифона, масъалаҳое, ки  бояд ҳал шаванд, ҳануз зиёд мебошанд.

Ман  бо камоли масъулият мегӯям, ки сиёсатҳои куллӣ ва усулии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дуруст аст, яъне он чи дар Сарқонун ва қонунгузориамон навишта шудааст, ҳамон аст, ки мардуми мо мехоҳад. Мушкили асосии мо  дар татбиқи онҳост.  Гоҳо корҳо ва иқдомҳое аз ҷониби баъзе аз мақомоти мо карда ва бардошта мешаванд, ки кас аз онҳо ҳайрон мешавад. Барои он ҳайрон мешвад, ки  коре, ки онҳо мекунанд, қадаме, ки мебардоранд,  дар ниҳоят бар хилофи манфиатҳои миллӣ  ва ҳадафҳои ниҳоии давлатамон тамом мешавад. Ин падидаи номатлуб  бастагӣ дорад ба савияи умумии фарҳанги ҷомеа, аз ҷумла фарҳанги сиёсии он дорад.

Бо таассуф иқрор шавем, ки ҳануз ҳам фарҳанги сиёсии мо ба дараҷаи матлуб нест. Як иллати дигар, вале, ба назари мо, асосӣ  дар он аст, ки мо ҳанӯз барномаи мушаххаси миллатсозӣ надорем. Барномаи ташаккули миллати ягона, миллат воҳид. Мо  тоҷикон дар Тоҷикистон миллат ҳастем, аммо ҳанўз миллати ягона, миллати воҳид нашудаем. Аз ин рӯ бояд миллатсозӣ кунем, зеро  то  миллати воҳиду ягона нашавем, корҳоямон дар ҳама соҳа ба дарҷаи матлуб  барор нахоҳанд гирифт. Миллати ягона ва воҳид будан маънои доштани  андешаи миллии ягона мебошад. Танҳо он вақт маҳаллу минтақапарастӣ ва хешу ақрабопарастӣ  аз байн хоҳад рафт ва андешаи миллӣ бар андешаи маҳалливу музофотӣ аввлавият пайдо хоҳад кард.

Сулаймонӣ: Яъне мо дар сатҳи давлатӣ ё ҳукуматӣ ниёз ба танзими як барномаи стратегии миллатсозӣ дорем?

Сатторзода: Оре. Ҳар қадар барвақтар ба танзиму татбиқи он шурӯъ намоем, ҳамон қадр бештар  ба манфиати мо хоҳад буд. Ва ҳар андоза дар амалӣ гардонидани ин рисолати миллиамон  дер  кунем, ба ҳамон андоза   хоҳем бохт.  

Сулаймонӣ: То кунун чунин кўшишҳо нашуда буд барои эҷоди он?

Сатторзода: Аз ҷониби гуруҳе аз фарҳангиён шуда буд, аз ҷумла ба шарофати устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, аммо он кӯшишу ташаббусҳо то ҳол расмӣ  нашудаанд, ба барномаи умумимиллӣ табдил наёфтаанд.

Сулаймонӣ: Хеле рамзӣ мешавад, агар дар ростои ҷашни фархундаи миллиамон 20-солагии Истқалоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин барнома тарҳрезӣ ва қабул  шавад.

Сатторзода: Кошкӣ. Беҳтарин дастовезе ба ифтихори ин ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон мебуд.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" устод Абдунабӣ Сатторзода, шахсияти фикру амал, равшанфикри воқеии рӯзгори мо, яке аз нухбаҳои фикриву миллӣ ва сармояҳои фарҳангии кишварро ба муносибати 80-солагияшон табрик мегӯяд ва орзу мекунад, ки умри эшон дарозу пайравони ростинашон зиёдтар бод!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...