Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳиндустон акнун шарики муҳими минтақа аст” - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳиндустон акнун шарики муҳими минтақа аст”

13
13

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 январ дар вохурии аввалини Нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, саммит таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд.

Иштирокдорони Нишаст дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар доираи нишасти “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” табодули афкор намуданд.

Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва эътимоди байниҳамдигарии сиёсӣ, раванди рушди рӯзафзуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу амниятро миёни ду кишвар маҳсули ин давра номид.

“Ҳиндустон акнун ба шарики муҳими минтақа мубаддал гардидааст ва Тоҷикистон ба ояндаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвар назари нек дорад”, – гуфт ӯ.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат мавқеи кишвари моро дар ростои самтҳои ояндадори ҳамкории миёни кишварҳои минтақа изҳор намуданд.

Нахуст авлавияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мавҷудияти имкониятҳои фаровон дар ин ҷода таъкид гардид.

Дар ин замина ба раванди фаъоли таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ва тамоюли рӯзафзуни иқтисодӣ, ки хусусияти хоси тамоми ин минтақа мебошад, ишора карда шуд.

Зимнан пешниҳод гардид, то дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон” барномаи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи босамари иқтидори тиҷоратии кишварҳои минтақа мавриди коркард қарор гирад.

Мавҷудияти имкониятҳои бузурги ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, ҳамзамон дар соҳаи аграрӣ зикр карда шуд.

Дар ин росто, манфиатдор будани Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти муштарак дар соҳаҳои саноати хурокворӣ ва сабук, бахусус дар самтҳои насоҷӣ, кимиё, тиб, доруворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо таъкид гардид.

Зимнан, Сарвари давлати мо ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика барои рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти калон дошта, Тоҷикистон ба раванди роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати тавсеаи иқтидорҳои коркарди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Ҳамзамон густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дониста шуд.  Дар ин раванд алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушди шоҳроҳи нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ мавриди таъйид қарор гирифт.

Пешвои миллат ибрози ақида карданд, ки аҳаммияти рӯзафзуни таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд. Вобаста ба ин раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмӯъ ва аз ҷумла ба бахши аграрии он қайд карда шуд.

Дар ин зимн, Президенти кишвар фаъолиятҳои амалии ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор доданд.

Ҳамин тартиб, таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дониста шуд.

Илова бар ин, ҷонибдории кишвари мо аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ изҳор гардид.

Бо дарназардошти имкониятҳои ҷонибҳо, идомаи ҳамкориҳо дар арсаи муқовимат ба ҳамагирии коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имкониятҳои истеҳсоли муштараки маводи тиббӣ, бахусус доруворӣ дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон

Дар соҳаи амният, ба инобати шароити мураккаби байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шуд.

Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид  ба зарурати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб карда шуд.

Дар интиҳои сухани худ, Пешвои миллат, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи азми ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус  дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” таъкид карданд.

Сарони кишварҳо дар хотимаи нишаст аз натиҷаи он Эъломияи муштарак қабул намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...