Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Алишер Мирзонабот: Рӯзи 21 март Интернет дар ВМКБ дастрас мешавад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Алишер Мирзонабот: Рӯзи 21 март Интернет дар ВМКБ дастрас мешавад

10
10

Баъди тақрибан 4 моҳи қатъи дастрасии Интернет дар ВМКБ, интизор меравад дар рӯзи якуми ҷашни  Наврӯз – 21 марти соли 2022 интернет барои аҳолии вилоят дастрас гардад. Дар ин бора раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумати вилоят изҳори назар кардааст, хабар медиҳад, телевизиони маҳалии “Бадахшон”.

Алишер Мирзонабот аз ҷумла гуфтааст, ки “бо сабабҳои вазъи баамаломадаи моҳи ноябр дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ, инчунин баҳри тоза нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ муваққатан шабакаи Интернет дар ҳудуди вилоят қатъ гардид”.

– Бо ба эътидол омадани вазъи шаҳру навоҳии вилоят бо иқдоми раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобардӣ аз санаи 21 марти соли 2022 дар ҳудуди вилоят алоқаи интернетӣ комилан барқарор мегардад,- мегӯяд ТВ “Бадахшон”.

Ба қавли телевизиони маҳаллӣ, Алишер Мирзонабот таъкид кардааст, ки истифодаи самараноки шабакаи иҷтимоӣ барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилоят заминаи устувор гузошта, ҳар як сокини вилоятро зарура аст, ки онро ҳамчун воситаи муҳими иттилоӣ истифода барад.

Ба гуфтаи Алишер Мирзонабот, паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки боиси халалдор гардидани сулҳу субот ва паст гардидани шаъну шарафи инсон мегардад, мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷашни Наврӯз дар Хоруғ

Ёдовар мешавем, ки дастрасӣ ба интернет паз аз эътирози рузҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа қатъ шуд.

Ҳудуди 100 рӯз, ба ҷуз аз идораҳои давлатӣ ва бархе созмонҳои байналмилалӣ дар марказ ва ноҳияҳои ВМКБ мардум ба интернет дастрасӣ надоштанд. Мақомот қатъи дастрасӣ ба интернетро таъмини амният дар вилоят меномиданд, вале сокинон шикоят мекарданд, ки қатъи интернет шароити зиндагӣ, таҳсил ва кору тиҷорати онҳоро вахим кардааст.

Мақомот ваъда дода буданд, ки дар сурати поён додан ба эътироз онҳо дастрасӣ ба интернетро барқарор ва омилони қатли Гулбиддинро муҷозот карда, аз таъқиби майдоннишинон худдорӣ мекунанд. Аммо, ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба ҷуз аз тафтишоти қатли Гулбиддин дигар ҳеч яке аз талаботҳои онҳо иҷро нашудаанд.

Дар аввал гуфта мешуд, ки ба он хотир интренетро барқарор намекунанд, ки эҳтимоли роҳ ёфтани наворҳои номатлуб ба интерент зиёд аст ва метавонанд вазъияти вилоятро печидатар созад.

Бо гузашти чанд рӯз аз ин ҳаводис, танҳо барои чанд рӯзе интернети мобилии як ширкат дар баъзе манотиқи ин вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб фаъол шуду дигарбора он ҳам қатъ карда шуд.

Сокинони вилоят ва бархе аз созмонҳои ҳомии ҳифзи ҳуқуқ дастнорас будани интернет дар вилоятро нақзи ошкорои ҳуқуқи шаҳрвандон дониста, аз мақомот талаб мекарданд, ки он дубора таъмин шавад

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алишер Мирзонабот. 5 ноябри соли гузашта ба ҷойи Ёдгор Файзов раиси ВМКБ таъин шуд.

Баъди муроҷиати пайдарпайи аҳолии вилоят ва созмонҳои дохиливу байналмилалӣ, 31 январи соли равон Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа, дар нишасти матбуотии ин ниҳод далели пас қатъ шудани интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод ва гуфт, ки техникаи иттилоотӣ ва комунникатсионие, ки бар зарари Тоҷикистон равона шуда бошад барои мо даркор нест. 

Аттоев сабаби қатъ кардани интернет дар ВМКБ-ро ба омилҳои сиёсӣ ва амниятӣ рабт дод ва гуфт, ки баъзе доираҳо мехоҳанд, аз интернет барои вайрон кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон истфода баранд, барои ҳамин мо тибқи қонунгузорӣ, ҷиҳати таъмин намудани амнияти давлат ва шаҳрвандон интернетро дар ин минтақа қатъ кардем.

– Техникаи иттилотӣ ва коммуникатсионие, ки барои зарари Тоҷикистон ва минтақа равон карда шудааст, барои мо даркор нест.  Баҳри таъмини амнияти шахс, ҷамъият, ки давлат кафолат медиҳад, мо тамоми қувваву системае, ки дорем сафарбар мекунем ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ кор ва фаъолият мекунем. Ин вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд аст, – изҳорот дода буд Атоев.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...