Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Тоҷикистону СММ афзалиятҳои чор соли ояндаи ҳамкориро мувофиқа карданд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷикистону СММ афзалиятҳои чор соли ояндаи ҳамкориро мувофиқа карданд

8
8

Намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва шарикон барои баррасии Чаҳорчӯби ҳамкории СММ оид ба рушди устувор – созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ барои солҳои 2023-2026 ҷаласа баргузор намуданд.

Ҷаласа дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ таҳти раёсати Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо ҷаноби Ашӯрбой Солеҳзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ, хонум Сезин Синанолу  баргузор гардид.

Таҳти раёсати ҷаноби Ашурбой Солеҳзода намояндагони сохторҳои давлатӣ ва СММ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли илм, бахши хусусӣ ва васоити ахбори омма чаҳорчӯбаи ҳамкориро баррасӣ намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Афзалиятҳои стратегӣ ва амалҳои асосӣ тайи чанд моҳи охир тавассути силсилаи мубоҳисаҳои фарогир бо ширкати кулли ҷонибҳои манфиатдор ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири Тоҷикистон таҳия карда шуданд.

Афзалиятҳои стратегии рушди фарогири инсонӣ; рушди устувори иқтисодиёт; идоракунии иқлим ва муҳити зист; идоракунии ба мардум нигаронидашуда ва волоияти қонун якҷоя муайян карда шуданд.

Шарикон то охири сол нақшаҳои муфассали муштараки кориро аз рӯи соҳаҳои интихобшуда барои ноил гардидан ба ба ҳадафҳои Чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ таҳия менамоянд.

Ҷаноби Ашӯрзода изҳор намуд:

“Ин ҷаласа марҳалаи муҳим дар анҷоми раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкориҳои рушди устувори СММ барои солҳои 2023-2026 мебошад. Бояд гуфт, ки Барномаи нави чаҳорчӯба бо ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва барномаи миёнамӯҳлати он барои солҳои 2021-2025 зич алоқаманд буда, афзалиятҳои асосии миллиро инъикос мекунад».

«Ман мехостам ба Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур доранд, барои кори муштарак самимона арзи сипос намоям. Чаҳорчӯби нави ҳамкорӣ ба мо имконият медиҳад ба мушкилот ва ҳалли онҳо аз тарафи куллан дигар назар андозем ва барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон, аз он ҷумла шахсони осебпазир ҳамкориамонро густариш диҳем. Мо метавонем ин корро танҳо дар сурате анҷом диҳем, ки ҳамаҷониба  ва дастҷамъона кор кунем”, – гуфт хонум Сезин Синанолу дар сухани ифтитоҳии худ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зимни вохӯрӣ ҳайати кишварии СММ инчунин Гузориши солонаи натиҷаҳои СММ дар соли 2021-ро муаррифӣ намуд. Дар гузориш маълумоти ҳамаҷониба дар тамоми самтҳои асосии кори СММ дар кишвар оварда шуда, оиди дастовардҳо дар маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, амалҳои муштарак оид ба ғизо, пешгирии зӯроварӣ дар асоси гендерӣ ва вокуниши СММ ба COVID-19 пешниҳод шудааст.

Баъзе аз натиҷаҳои қайдшуда инҳоянд:

• 3,130,832 нафар ваксинаҳои пурраи COVID-19 гирифтанд

• 2,1 миллион нафар бо системаҳои ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд

• 1,27 миллион кӯдак бар зидди фалаҷи атфол эм карда шуданд

• 542,8 ҳазор нафар хонандагон бо хӯроки ҳаррӯзаи мактабй таъмин карда шуданд

• 263 228 нафар аҳолии деҳот аз сарчашмаҳои энергияи алтернативии барқароршавандаи камхарҷ бархурдор шуданд

• 909 536 нафар аз ташхиси ВНМО/БПНМ гузаронида шуданд

• 24.799 нафар ба воситаи барномаҳои дастгирй шароити зиндагонии худро беҳтар гардониданд.

• 13799 нафар бо истифода аз хизматрасониҳои ройгони ҳуқуқии аз ҷониби Ҳукумат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳуқуқҳои худ бархурдор шуданд

• 13165 нафар кӯдакон аз норасоии шадид ва миёнаи ғизо эмин гардиданд

• 8377 нафар ҷавонон ба ихтисосҳои замонавӣ омӯзонида шуданд

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нусхаи пурраи ҳисобот дар торнамои СММ дар ҶТ ба забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ дастрас хоҳад шуд.

Чаҳорчӯби ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рушди Устувор (UNSDCF) муҳимтарин василаи банақшагирӣ ва татбиқи фаъолиятҳои рушди СММ дар сатҳи кишвар мебошад.

Ин ҳуҷҷат дар маркази ислоҳоти СММ қарор дорад ва тибқи он таваҷҷӯҳ аз кӯмаки башарӣ ба ҳамкориҳои рушд дода шудааст.

Ҳадафи ислоҳоти СММ беҳтар намудани ҳамоҳангӣ, масъулият ва самаранокии системаи СММ барои дастрасӣ ба натиҷаҳои беҳтар барои мардум ва дастгирии ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушд  ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 мебошад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...