Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон истифодаи ҳарфҳои алифбои русӣ – ц, щ, ы, ь – ро дар забони тоҷикӣ дар лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ворид кардаанд. Ин кор ба гуфтаи онҳо, бо дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Тағйири дигарбораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳолест, ки ин қоидаҳо ҳамагӣ соле пеш таӯйир дода шуда буданд.
Ин нукта дар семинаре, ки рӯзи 1 апрел дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ширкати вакилони парлумон ва роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор гардид, зикр шуд.
Ин тасмим дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гарми истифодаи ин ҳарфҳоро дар забони тоҷикӣ, ки чанд сол аст идома дорад, дубора доғ кард.
Сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон менависад, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки “бо дарназардошти мушкилиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳиягарони лоиҳаи навро зарурат пеш омад, то дар баробари дигар масъалаҳо, дуруст муайян кардан ва мавқеи корбурди навишти ҳарфҳои иқтибосии ҳазфшудаи ц,щ, ы, ь бояд аниқ шаванд. Зеро дар забони тоҷикӣ исмҳои хоси иқтибосие мавҷуданд, ки бо ҳарфҳои мазкур навишта мешаванд”.
Масъулини кумитаи забон гуфтаанд, ки ин тасмимро дар робита ба дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати истифодабарии ҳарфҳои ц, щ, ы, ь дар мавриди навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандони миллати рус ва ақаллиятҳои миллӣ дар шиносномаи Тоҷикистон рӯйи даст гирифтаанд, ки ба гуфтаи онҳо, “дар коргузорӣ ба забони давлатӣ мушкилӣ эҷод мекард”.
Вакилони парлумон ҳамроҳи роҳбарии Кумитаи забон ва истилоҳот, ҳамчунин, номи ҳарфи Ъ ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор доданд.
– Ҳамчунин, дар лоиҳаи Қоидаҳои мазкур номи ҳарфи Ъ ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор гирифта, корбурди он мушаххасан нишон дода шуд, – гуфта шудааст дар ҷаласа.
Муҳокимаи ин ду банди лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби вакилон ва намояндагони кумитаи забон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гарми забони тоҷикиро, ки чанд сол аст, идома дорад, дубора доғ кард.
Аз ҷумла, раиси шӯрои ВАОИ Тоҷикистон ва рӯзноманигор Ҳуриниссо Ализода дар шарҳи ин хабар дар “Фейсбук” норозиёна пурсидааст, ки чаро ҳарфи айн дар тоҷикӣ то ҳол ном надоштааст?
– Ки гуфт? Пас "таълим, таътил ва маълум"- и мо бо садҳо калимаҳои ҳарфи айн доштаро то имрӯз тоҷикон бе номи ин ҳарф чӣ тавр истифода карда бошанд?, – пурсидааст вай.
Ҳамчунин, Минҳоҷиддин Шаҳобиддинович, ном корбаре дар шарҳи лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ навишааст, ки “омӯзандагони забони тоҷикӣ, як имлоро ёд мегиранд, ки аллакай дигарашро қабул кардаанд”.
Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси марҳуми тоҷик ҳам чанд сол пеш гуфта буд, ки тағйири қоидаҳои пайдарҳами имлои забони тоҷикӣ мардумро бо душвориҳои навишт ва талаффузи калимаҳо рӯ ба рӯ мекунад.
Дар гузашта ҳам масъалаи баргардонидани ҳарфҳои ц, щ, ы, ь мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳатто худи ҳукумат пешниҳод карда буд, ки ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ баргардонида шавад ва мутахассисони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Вале ин ҳарфҳо ба қоидаҳои имло барнагаштанд. Он замон низ барои баргардондани ҳарфи “ц” ба алифбои тоҷикӣ баъзе аз забоншиносону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро мавриди танқиди шадид қарор додаанд.
Ёдовар мешавем, ки бори охир тобистони соли гузашта, Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, ин санадро Эмомалӣ Раҳмон 30-юми июни соли 2021 имзо гузошта буд. Дар баробари қоидаҳои имло ҳамчунин ҳукумат Аломатҳои китобати забони тоҷикиро низ тасдиқ карда буд.
Мувофиқи қоидаҳои тоза, ки нусхае аз он барои "Азия-Плюс" дастрас шуд, алифбои забони тоҷикӣ мисли пешин аз 35 ҳарф иборат аст ва сару садоҳо дар мавриди бозгардонидани ҳарфҳои русии "ц" ва "щ" ба алифбо таҳаққуқ пайд накард.
—-
* Дар ин хабар ба ҷойи Вазорати корҳои дохилӣ, дар сарлавҳа ва як ҷойи матн саҳван Вазорати корҳои хориҷӣ навишта шуда буд, ки ислоҳ гардид. "Азия-Плюс" барои ин аз ҳама хонандагон ва корбаронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъзарат мехоҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.



