spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қирғизистон вазири собиқи корҳои хориҷияшро дар Тоҷикистон сафир таъин кард

Эрлан Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ду моҳ пештар, дар оғози моҳи феврал Жаниш Рустенбеков, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон аз мақом барканор шуда буд.

Расонаҳои қирғиз, зӯҳри имрӯз, 12-уми апрел хабар доданд, ки раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов бо судури як фармон Эрлан Абдилдаевро сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин кардааст.

Абдилдаев қаблан сафири Қирғизистон дар Олмон ва вазири корҳои хориҷии кишвараш буд ва 56 сол дорад. Ӯ соли 1966 дар Алма-Ато зода шуда, миллаташ қирғиз мебошад ва забонҳои қирғизӣ, русӣ, чинӣ ва англисиро медонад. 

Рӯзи 2-уми феврал Қирғизистон сафираш дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбековро аз ин мақом бозхон кард, вале сабаби барканории ӯ гуфта нашуд. Рустенбеков аз моҳи декабри соли 2018 то оғози моҳи феврали имсол сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон буд.

Қаблан хабаргузории 24.kg. навишта буд, ки  “моҳи майи соли гузашта кумитаи профилии Жогорку Кенеш ба ӯ изҳори нобоварӣ карда буд. Аммо бо вуҷуди ин, дипломат бозхонда нашудааст”.

Ӯ дар ҳоле аз мақом барканор шуда буд, ки  Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя давоми як соли ахир дар робита ба ҳаводиси марзӣ муносибати хуб надоранд. Охири моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар муноқишае сар зад, ки оқибат ба хун печид ва аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта шуданд. Ва ин ҳодиса боз шаби 27-уми январи имсол ва чанд рӯз пеш аз барканонии Жаниш Рустенбеков ба вуқӯъ пайваст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...