Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Эмомалӣ Раҳмон ба Раисӣ: баъди интихоби шумо таҳкими равобит бо Эрон аз хостаҳои сиёсати хориҷии мо буд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон ба Раисӣ: баъди интихоби шумо таҳкими равобит бо Эрон аз хостаҳои сиёсати хориҷии мо буд

10
10

Эмомалӣ Раҳмон пас аз пазироии расмӣ, дар дидораш бо Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон гуфтааст пас аз интихоб шудани шумо ба унвони раисҷумҳури Эрон таҳким ва давом додани муносибатҳои ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон хости сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора "Ирно" хабар медиҳад.

Раисӣ  дар ин мулоқот гуфтааст, ки пас аз ҳузури Эрон иҷлоси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе гомҳои хубе барои бозбинии равобити Теҳрону Душанбе бардошта шуд. 

Бино ба гузориши "Ирно" дар нишастҳои ҳайатҳои олирутба аз афзоbши ҳаҷми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ситоиш шудааст.

Раисӣ бо ишора ба афзоши 4 баробари гардиши тиҷорfтиву моло колои Эрону Тоҷикистон гуфтааст, ки равобити дуҷонибаро метавонем ба равобити хуби минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил кунем.

Раисӣ дар нишасти хабарии муштарак ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки "аз ин ки давъати Ҷумҳурии исломиро қабул карданд ва имрӯз дар Эрон ҳастанд ва заминаи тасмимгирии хуберо барои равобити ду кишвар фароҳам карданд, ташаккур мекунам".

Ба гузориши Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, "ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ҳамкориҳои фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд".

Ҷонибҳо дар доираи равобити тиҷоратию иқтисодӣ Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-ро роҳандозӣ кунанд.

Баргузор кардани намоишгоҳҳои ихтисосии маҳсулот ва ҳамоишҳои соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкориҳои густурда байни шаҳракҳои саноатии ду кишвар низ  аз ҷумлаи тавофуқоти муҳими ин нишаст гуфта шудааст. 

Эрон дар бахши рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, истифодаи босамар аз имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббосро ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номидааст.

Зимни баррасии масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста шуд, овардааст Хадаматои матбуоти президенти Тоҷикистон.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...