Дар Теҳрон маросими расмии пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи раисҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон Иброҳи Раисӣ баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари дурӯза, асри 29-уми май вориди Теҳрон шуд.
Хабаргузории расмии "Ирно"-и Эрон хабар додааст, ки маросими пазироӣ дар Маҷмааи фарҳангии Садъободи Теҳрон сурат гирифтааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки "дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳарду кишвар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд. Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод".
Сафари расмии Эмомалт Раҳмон ба Эрон пас аз 9 сол сурат мегирад, ки дар ин миён ду кишвар сардии равобити 5-9-соларо ҳам таҷриба карданд.
Иброҳим Раисӣ соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳам ба Тоҷикистон омада буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.