Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳушдори як фармондеҳи “Толибон”: “Тоҷикистонро метавонем дар як ҳафта забт кунем” - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳушдори як фармондеҳи “Толибон”: “Тоҷикистонро метавонем дар як ҳафта забт кунем”

10
10

Як фармондеҳи “Толибон” ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон даст накашад, нерӯҳои онҳо қодиранд дар як ҳафта  Тоҷикистонро забт кунанд. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" – и Афғонистон бо такя ба як манбаи худ хабар медиҳад.

Рӯзи сешанбе, 2 август, як манбаи маҳалии ин рӯзнома дар вилояти Тахор афзудааст, ки Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза, машҳур ба Мулло Ҷону, муовини аввали Қулурдуи 217-и умрии Толибон дар вилояти Тахор гуфтааст, нерӯҳои онҳо қодиранд дар як ҳафта Тоҷикистонро тасхир кунанд.

Гуфта мешавад, ӯ ин суханонро рӯзи гузашта, дар ҳузури вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон, ки ба Тахор сафар карда буд, баён кардааст.

Дар хабаре, ки рӯзномаи "8 субҳ" нашр кард омадааст, ки "муовини аввали Қулурдуи умрии Толибон ҳушдор дода ва афзудааст дар сурате ки ин кишвар даст аз  "мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд".

Ӯ нахустин фармондеҳи паштутабор аст, ки ба кишвари Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Дар ин ҳол мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳушдори Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза то ҳол вокуниш накардааст.

Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба “Толибон” барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.

Қаблан, Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ҷангу ҷиҳоди ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар моҳи майи соли ҷорӣ дар хутбаи намози ҷумаъ гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.

Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати Толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон бо "Толибон" эълони ҷанг кард ё "Толибон" бо Тоҷикистон? Вокунишҳо ба изҳороти Ҳикматёр

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи Толибон борҳо гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад. Вале бархе аз доираҳои таҳлилӣ Ҳикматёрро “сухангӯйи ғайрирасмии Толибон” лақаб додаанд ва он замон гуфта буданд, ки ин изҳорот бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи чанд моҳи охир партоби чанд мушак аз ҷониби Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояааш Тоҷикистону Ӯзбекистон нигарониҳои хосро ба бор овардааст.

Зимнан Тоҷикистон дар пасманзари партоби мушакҳо аз ҷониби Афғонистон гуфта буд, ки қодир аст марзҳои худро аз ҳамлаҳои ногаҳонӣ ҳифз кунад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз камтарин ҳамсояҳои Толибон аст, ки аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати Толибон бо онҳо ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, зери мафҳуми “мудохила ба умури дохилии Афғонистон” масъулини Толибон чунин мавқеъгирии Тоҷикистонро дар назар доранд.

Зимнан, дар конфронси байналмилалии Тошканд, ки яке аз нишастҳои муҳим барои Толибон арзёбӣ мешуду дар он як ҳайати баландпояи онҳо ширкат кард, ваъда карда буданд, ки ба кишварҳои ҳамсоя хатар эҷод намекунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...