Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 26-27 декабр дар Санкт-Петербург доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Ҳоло маълум нест, ки киҳо Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанду оё вохӯриҳои дуҷониба бо сарони дигар кишварҳо дар назар ҳаст ё не.
Тавре ки дар хадамоти матбуот зикр карданд, ҳоло дар робита ба ин сафар нақшаи муайяне таҳия нашудааст.
Қаблан раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳор дошта буд, ки “ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкориҳо такони иловагӣ хоҳад бахшид”.
Вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад. Мулоқоти пешинаи ба ин монанд низ 7 октябр дар Санкт-Петербург доир гардида буд.
Иттиҳоди Давлатҳои мустақил соли 1991 таъсис ёфта, ба ҳайти он 9 кишвар шомиланд: Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон.