Дар матлаби қаблӣ мо оид ба масъалаҳои бахши иқтимоиву иқтисодии кишвар суҳбат намуда будем, ки ба эҳтимоли зиёд дар соли 2023 низ муҳим боқӣ мемонанд.
Дар навиштаи зерин кӯшише сурат гирифтааст барои таҳлили вазъи сиёсиву амниятии Тоҷикистон ва ҷараёни рушди онҳо дар соли 2023.
Адолатро кӣ таъмин намояд?
Таъмини қонуният ва адолати судӣ дар Тоҷикистон торафт масъалаи ҷиддӣ мешавад. Махсусан, боздошти якбораву ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардани чор журналист – Далери Эмомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода масъалаи мавриди баррасиро ҷиддитар намуд. Дар мавриди ин ҳаводис ва сабабҳои пеш омадани онҳо назарҳо гуногунанд. Аммо масъалаи асосӣ бармехӯрд ба мавзӯи “ҳарфи хонаи адолат”. Оё он одилона буд?
Албатта солҳои пештар ҳам ин мавзӯъ ҳамеша мавриди басҳсҳо қарор мегирифт. Ҳолатҳоеро ҳам аз солҳои 2009 -10 дар хотир дорем, ки як бону дар маркази пойтахт ба нишони эътироз аз ҳукм нисбати кадом хешовандаш худро оташ заданӣ шуд. Соли 2012 як сокини Исфара ба нишони эътироз ба ҳукми содирнамуда ба рӯи судя кислота пошид.
Дар бораи номустақилии судҳо дар Тоҷикистон зиёд мегуфтанд, хоса пас қазияи халабонҳои рус дар соли 2011. Пеш аз ин, фирориёни маҳбасхона дар таърихи 23 августи соли 2010 ин иқдоми худро ба ҳукмҳои тӯлониву ноадолатонаи судяҳои Тоҷикистон нисбат дода буданд. Яке аз муассисони бозори “Ином”-и Шаҳритус пас аз ҳал нашудани мушкилоташ дар суд дар Душанбе митинг ташкил карданӣ шуд.
Дар назардошт бо ин ҳама тарс аз он вуҷуд дорад, ки пайомадҳои ин норозигӣ метавонад ҷиддитар шавад.
Таҳлилгарон дар робита бо тақрибан ҳукми сафед содир накардани судяҳо ва ҳукмҳои тӯлонӣ содир кардани онҳо мегуфтанд ин бахш дар Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ мехоҳад. Иҷозаи ҳабсро аз мақомоти прокуратура гирифтаву ба судяҳо додан низ вазъи ҳуқуқи инсонро, мисле, ки беҳтар накард. Гуфта мешавад дар шароити номустақиливу фасодзадагии судҳо, ки дар ин бора зиёд мегӯянд, фарқ надорад, ки иҷозаро ки медиҳад: суд ё прокурор?
Дар натиҷа, то ҳанӯз мардуми зиёде ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат мекунанд бо ин маъно: “Мо танҳо ба Шумо бовар дорем!”.
Пас шояд дар ин масъала низ ислоҳоте анҷом медиҳанд?
Низои Қирғизистон бо Тоҷикистон бо ҳамин анҷом ёфт?
“Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст”, “Ҳамсояро интихоб намекунанд”. Ин таърифҳое мебошанд, ки аз ҷониби Душанбеву ҳамсояҳо, аз ҷумла Бишкек борҳо садо додаанд. Вале дар асл мушкилоти ҷиддитарини феълии Тоҷикистон маҳз бо ин ҳамсояаш аст. Зимнан, мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон, ки то наздикиҳо бо он умуман “проблема” надоштем, боз ҳам масоили минтақавиро ҷиддитар бозтоб медиҳанд.
Коршиносон, аз ҷумла Шералӣ Ризоён ба ин назар аст, ки муҳимтарин абзори ҳалли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон гуфтушунид аст. “Барои пешгирии низои эҳтимолӣ бояд фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ тақвият ёбад” мегӯяд ӯ.
Таҳлилгарони минтақавии дигар ҳам ба ин назаранд, ки қазия бо созиш ҳалли худро меёбад. Зеро на ҳамсояҳо ва на абарқудратҳо ҳоло ба як нуқтаи доғи дигар зарурат надоранд. Чин ҳоло ба “асоснокнамоии мавқеъ” бо Амрико дар масъалаи Тайванд ва баҳсҳои минтақавӣ бештар фикр дорад. Русия ва Ғарб айни замон ба ҷанги Украина андармонанд.
Ин ҳама имкон медиҳад, ки Душанбеву Бишкек дар шароити “осудатар” масъалаи худро ҳал намоянд.
Зимнан, 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, ки ба назари таҳлилгарон имкони хуб барои ҳалли хеле масоили минтақавист. Вохӯрии пешин соли 2022 дар Қирғизистон сурат гирифта буд, ки муҳимтарин ҳуҷҷати имзошуда “Санад дар бораи дӯстӣ бо ҳадафи рушди минтақа дар асри XXI” аст, ки аз ҷониби Қазоқистон таҳия шуда буд. Бар асоси ин ҳуҷҷат кишварҳои Осиёи Марказӣ муваззаф шудаанд, ки ба муқобили ҳамдигар зӯриву силоҳро истифода набаранд ва масъалаҳои мавҷударо танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.
Оё ҷомеаи шаҳрвандӣ дорем?
Вақте сӯҳбат аз масоили муҳимтарини Тоҷикистон меравад, таҳлилгарон ин мавзӯъро ҳам дар миён мегузоранд, ки оё иртиботи байни ҳукумату мардум вуҷуд дорад? Хостаҳои мардум то куҷо сарфи назар намешаванд?
Албатта масъалаҳое вуҷуд доштанд, ки ҳукумат ба навъе хостаи мардумро ба назар гирифт. Аз ҷумла, дар мавриди боло набурдани арзиши интернет, қатъ накардани фаъолияти симкортҳо ба хотири надоштани шиносномаи пластикӣ ва мӯҳлат додан ба одамон, тахриб нашудани Осорхонаи таърихии Устод Айнӣ ва масоили мисли ин.
Аммо мавзӯъ аз ин берун намеравад, ҳол он ки масъалаҳои ҷиддитар ҳам вуҷуд доранд. Хоса дар масоили кадрӣ…
Ба назар нагирифтани эътирозу хостаҳо дар ин бахши масоилро таҳлилгарон ба он вобаста медонанд, ки агар онҳоро ба назар бигиранд, гӯё маънии гузаштро дораду баъдан хостори одамон зиёдтар мешавад.
Маълум аст, ки қонеъ кардани ҳама ва барои ҳамеша, танҳо дар як ҳолат имконпазир аст: агар тасмимҳо ҷиддиву самимона гирифта шаванд, на рамзиву бо ҳадафҳои хос. Вагарна чашмпӯшӣ аз хостаҳои мардум дар мисоли кишварҳои арабӣ нишон дод, ки пайомади хубе надорад.
Яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи робита бо мардумро таҳлилгарон ба фаъол кардани институти интихобот мебинанд, ки ҳоло ба гуфтаи онҳо ҷойгоҳи худро хеле аз даст додааст. “Давлатро парламенти қавӣ қавитар месозад!” бояд асоси формулаи ҳалли ин масъала бошад, мегӯянд онҳо.
Мутаассифона Маҷлиси намояндагон ҳоло шумораи вакилони сухангӯяшро назар ба солҳои пешин хеле камтар кардааст. Ҳол он ки давлат ба “сухангӯёни ғайрирасмӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ”, ки депутатҳоро баъзан чунин ҳам меноманд, бештар ниёз дорад.
Роҳи дигар рушд додани ҷомеаи шаҳрвандист. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар самти ба ҳам омадани мардум, густариши ризоият ва ваҳдати сартосарии миллӣ аз рушди ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, бинобар сабабҳои хос вазифаи аслии худро амалӣ карда наметавонад. Вазифаи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди ин ғоя дар кишвар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дараҷаи тафаккури истеъмоливу истеъмориро ба поён бурда, рушди инфиродӣ ва консептуалии шахсро дар кишвар таъмин менамояд.
Бештар аз ин, бояд ба назар гирифт, ки феълан дар тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон насли наве ба вуҷуд омадааст, ки барояшон шояд мафҳумҳое мисли “Истиқлолият”, “Ҳуввияти миллӣ”, “Урфу одат” ва ғайра муҳим набошад. Манофеи лаҳзавӣ барои онҳо муқаддамтар ба назар мерасад. Дуруст аст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" қабул шуд, ки ба иттилои расмӣ, аз тарафи Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидаст. Аммо ин корро оё ба таври иҷборӣ, мисли замони шӯравӣ, хоса дар шароити ҷаҳонишавӣ роҳандозӣ кардан мумкин аст? Фаромӯш намекунем, фақат Тоҷикистон нест, ки бо масоили дар бахши боло гуфташуда рӯ ба рӯанд. Аз ҷумла, давлатҳои пешрафтаву абарқудрат низ чунин мушкилотро доштанд. Аммо бо наҳваҳои гуногун аз ин ҳолат баромаданд. Масалан, бо тақвият додани сиёсати хориҷӣ ва эҷоди “таҳдиди хатари берунӣ”. Ағлаби кишварҳои ғарбӣ аз рӯи ин модел кор мекунанд.
Масалан, сиёсат ва интихоботҳои ИМА то замон ва баъди Трамп нишон медиҳанд, ки барои интихобкунанда назар ба масоили дохилӣ бештар масъалаҳои сиёсати хориҷӣ муҳимтаранд. Зеро давлат низоми хоси давлатдории худро сохт, ки дар он масъалаи интиқоли қудрат асосӣ нест. Ин низом чунин тартиберо муқаррар кардааст, ки як ё ду дафъа ҷумҳурихоҳони “хашин” ба қудрат меоянд ва баъди онҳо демократҳои “нарм”, то ба ин васила сиёсатҳои қудратхоҳонаи кишварро дар дохил ва аслан ҷаҳон побарҷо гузоранд.
Эрони исломӣ низ тақрибан ҳоло аз рӯи ин модел кор мекунад.
Русия бо ҳама мушкилу чолишҳое, ки дорад, ҳоло ҳам рӯҳияи эътирозии шадидро дар дохил рӯ ба рӯ нашудааст. Зеро аксари мардуми ин кишвар на танҳо мехоҳанд, ки ватанашонро абарқудрат бубинанд, балки шоҳид мешаванд. Ин воқеият аст, ки Кремл дар сиёсатҳои ҷаҳон то ҳанӯз ҳарфи устувори худро гуфта метавонад. Ин барои ризояту ваҳдати мардум бисёр корсоз аст.
Як нуктаи муҳим, дар ин кишварҳо тарс аз мардуми худ тақрибан вуҷуд надорад ва то ҷое ин имконро фароҳам меоранд, ки ҳама баҳсҳо бидуни тарсу фишор сурат бигиранд. Ин ҳолат эҳсоси ватандӯстии одамонро бештар ва масъулиятнокии онҳоро афзоиш медиҳад? Ин аст саволи асосӣ…
Тоҷикистон бо кист?
Аммо дар кишварҳое мисли Тоҷикистон масъала дигар аст. Чӣ ҷои пинҳон кардан, мо нерӯи тавонмандии мубориза бо ҳамаро надорем. Манзур кишварҳои дуру наздикест, ки бо онҳо маҷбурем дар ин ё он доира ҳамкор бошем. Аммо чӣ ҳол дорем?
Қирғизистон бо Тоҷикистон равобити хубе ба хотири ҳал нашудани масоили марзӣ ва шояд далоили дигари фошнашуда надорад. Ё шояд аз масоили марзӣ кишварҳои дигари абарқудрат ба нафъи худ суистифода кардан мехоҳанд.
Ҳамсояи ҷанубӣ ва асосии мо Афғонистон, ки бо он анқари 1500 км сарҳад дорем, хоса пас аз Толибон*, ҳамоно амн нест ва замони бозгашти амният ба ин кишвар маълум нест, балки манбаъи бузургтарини хатар боқӣ мемонад.
Чин, ҳарчанд равобити танготанг бо ҳукумати мо дораду лоиҳаҳои калонеро сармоягузорӣ мекунад, таҳлилгарон дар сурати он намои барҷастаи як гуна хатари пинҳон ва “экспансияи хазанда”–ро мебинанд.
“Шарики стратегӣ”- Русияро аз рӯи муносибате, ки баъзан мебинем, метавон тахмин зад, ки гӯё аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозоҳое дорад, ки бароварда нашудаанд.
Ба назар мерсад, ки Душанбеи расмӣ аз Амрикову Аврупо солҳост, ки эҳтиёт мекунад. Амалан саркӯб шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ посухи бармалои Ҳукумати Тоҷикистон ба сиёсатҳои хориҷии Амрикову Аврупо маънидод мешавад. Паноҳ додани гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон мамнӯъанд (назири ҲНИТ*, “Гурӯҳи 24”* ва дигарон) ва фаъолият доштани онҳо дар муҳимтарин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо далели дигари бархӯрди манофеи ҷонибҳост.
Дар ин миён сари фаъолмандии аз ҳад зиёди вақтҳои ахири Туркия низ таҳлилгарон андеша доранд. Гуфта мешавад аз соли 2020 сиёсатҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ ниҳоят фаъол гардида, барои ниҳодинасозии ҳамкориҳои худ бо кишварҳои туркзабон соли 2022 иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ кард. Аз ин рӯ, пешбинӣ мешавад, ки дар соли 2023 фаъолияти туркгароии Туркия густарда мемонад ва барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мушкилоти муайянро ба вуҷуд оварда метавонад.
Ҳамчунин, агар рақобатҳо миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ, инчунин Амрико ва Чин бар асоси манфиатҳои гуногуни онҳо тавсеа ёбад, он ба иқтисоду сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
Нашрияи машҳури Британия “Financial Times” дар замина менависад, ҷанги Украина вазъиятеро ба миён овардааст, ки кишварҳои Осиёи Миёна боэҳтиёт аз зери сояи Русия дур мешаванд ва дар симои он акнун на таъмини амният, балки хатарро мебинанд.
Дар чунин ҳолат як аксиомаи барвақт исботшуда вуҷуд дорад: кишварҳои қавӣ танҳо як иттифоқчӣ доранд, ки он ҳам мардумашон аст!
Эмомалӣ Раҳмон шояд дар робита ба ҳамин буд, ки соли 2012 дар яке аз суханрониҳояш дар ҳузури намояндаи Русия ишора кард: “Ман ба пуштибонии сиёсии ин ё он кишвар эҳтиёҷ надорам. Ман аз миёни мардум омадаам. Ягон фурудгоҳи эҳтиётӣ надорам. Маро халқи худам гӯручӯб мекунад. Дар болои мизи ман бастаи пешниҳоди кишварҳои абарқудрат дар бораи бунёди пойгоҳҳои низомӣ ва дигар иншоотҳо хобидааст. Аммо мо ин корро накардем. Онҳо ба мо кӯҳи тиллоро ваъда мекунанд. Мо мавқеи худро тағйир надодем. Аммо ҳар як қарори сиёсӣ нархи худро дорад."
Соли 2023 интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ мешавад?
Дар ин моваро, солҳост, дар муҳити коршиносиву таҳлилӣ мавзӯи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ошкору нимаошкор баррасӣ мешавад. Ҳанӯз аз соли 2013 гуфта мешуд соли 2020 ҳам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ иштирок намуда, ғолиб меояд ва пас аз ду сол ба нафъи вориси худ истеъфо медиҳад. Соли 2022 паси сар шуд. Вале ин баҳс ба анҷом нарасидааст. Балки ҳоло ин мавзӯъ, гуфтан мумкин, то ҷое ошкоро матраҳ мешавад. Ба ҳар сурат, таҳлилгарони наздик ба ҳукумат ба қудрати сиёсӣ расидани Рустами Эмомалиро пас аз Эмомалӣ Раҳмон, ягона роҳи дуруст ва аз нигоҳи мантиқу дурнамо воқеӣ арзёбӣ мекунанд.
Масалан, мушовири собиқи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ду сол пеш навишт, ки “на дидгоҳҳои арзишманди дар доираи категорияҳои технократӣ, ислоҳталабӣ ва анъанавию фарҳангӣ шарҳ додани мавзӯъ, на талошҳои самимии бо эҳсосоти ихлосмандона ифода намудани масъала ва бештар аз ҳама, на шарҳҳои муғризонаи дар сатҳи мафҳумҳои моддию дарборию оилавӣ тафсир кардани он наметавонанд моҳияти сиёсии ин рӯйдоди муҳими сиёсиро дар раванди давлатдорӣ дуруст шарҳ диҳанд. Зеро ин масъала барои низоми сиёсии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллии мо маъно ва аҳамияти басе васеътар аз мафҳуму категорияҳои зикршуда дорад”.
Воқеан, феврали соли 2017, пас аз як моҳи таъини Рустами Эмомалӣ ба сифати шаҳрдори Душанбе ва ташкили маъракае, ки онро мулоқот бо фаъолони пойтахт унвон карданду дар асл элитаи ҳукмрон ҷамъ шуда буд, дар доираҳои коршиносӣ мегуфтанд асли ин маърака додани паём ба дигарон дар масъалаи усулии интиқоли қудрат аст.
Дар робита, бархе таҳлилгарон мегуфтанд, ки барои ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон ин паёми мусбат аст. Зеро гурӯҳҳои дигари «чашмчор» акнун осуда хоҳанд шуд ва барои қудрат муборизаи ошкор намебаранд. Албатта ин танҳо як бардошт аст. Таҷрибаи кишварҳои дигар ҳам ҳаст, ки чунин қолаби интиқоли қудрат мушкилоти дигар низ дорад. Аз ҷумла дар Ӯзбекистону Қазоқистон ҳолатҳое пеш омаданд, ки касе интизор надошт.
Шояд дар назардошт бо ин бошад, ки бархе таҳлилгарон мегӯянд мавзӯи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон маҳз дар соли 2023 шояд дар миён набошад. Зеро он метавонад бо ду риск рӯ ба рӯ шавад:
– Якум, ба анҷом нарасидани музокирот оид ба сарҳад ва ҳассос шудани мавзӯъ рискҳои хос меофарад ва дуюм, сиёсати вижаи Тоҷикистон нисбат ба Толибон низ рискҳои муайян барои кишвар дорад. Дар чунин ҳолат роҳандозии чунин гардиш ба манфиат нест, – мегӯяд яке аз таҳлилгарон.
Бо ин вуҷуд, ӯ ҳам тахмин мекунад, ки “агар масъалаи интиқоли қудрат муҳим ҳам шавад, он хело ногаҳонӣ хоҳад буд”.
Дар ҳамин ҳол, аксари таҳлилгарон мегӯянд ҳал шудани “қазияи Бадахшон” ва “оромии нисбӣ дар самти марз бо қирғиз”, ки ду масъалаи дар назди Душанбеи расмӣ муҳим буд, ба онҳо имкон медиҳад, ки ин гардиши муҳиму стратегӣ барои худро анҷом диҳанд. Зеро дигар вақт аст, ки институти Пешвои миллат расман ба кор дарояд ва ҳам “ҳукумати ҷавонон”, ки ҳатто дар дохили низом шояд на ҳама онро қабул доранд, худро нишон бидиҳад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст