Дар Департаменти давлатии ИМА рӯзи 14 феврал маросими савгандёдкунии сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон Мануэл П.Микаллер баргузор шуд.
Дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар Фейсбук зикр мегардад, ки “ӯ бо таҷрибаи сисолаи фаъолияти дипломатӣ ва ба ҳайси мутахассиси масоили Осиёи Марказӣ, малакаи раҳбарӣ ва тахассуси лозимаро дорад, то барои таҳкими равобити ИМА ва Тоҷикистон саҳми муассир гузорад”.
Мануэл П.Микаллер дар мансаби сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро иваз намуд, ки аввали соли 2019 ба ин мансаб таъин шуда буд.
То таъинот ба ин вазифа Поммершайм ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар Остона (солҳои 2015-2018) фаъолият дошт.
Мануэл П.Микаллер қаблан дар сафоратҳои ИМА дар Непал, Муғулистон, Марокаш ва Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар Департаменти давлатӣ вазифаи баландро ишғол мекард.