Дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Владимир Путин, президенти Русия, Садир Жапаров, президенти Қирғизистон, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ва Александр Лукашенко, президенти Беларус ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон номаи изҳори тасаллӣ фиристодаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин аз оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар ВМКБ изҳорӣ таслият баён карда, ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда, ҳамчунин таманниёти шифои оҷилро ба ҳамаи осебдидагон расонед”.
Садир Жапаров, президенти Қирғизистон, ҳам дар ин робита ба Эмомалӣ Раҳмон номаи изҳори тасаллӣ фиристода, гуфтааст, “хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи ВМКБ боиси андӯҳи ин ҷониб гардид”.
“Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардии моро мерасонам. Барои ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои оҷил хоҳонам”, – омадааст дар номаи Жапаров.
Дар ҳамин ҳол, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар робита ба офати табиӣ ва фаромадани тарма дар ВМКБ бо Эмомалӣ Раҳмон тамоси телефонӣ анҷом дода, таъзия ва таслияти ҷониби Ӯзбекистонро расонидааст.
Дар барқияи президенти Беларус Александр Лукашенко зикр мешавад, ки хабари талафоти инсонӣ ва харобиҳо дар Беларус бо нигаронӣ ва ҳамдардӣ пазируфта шуд.
«Аз номи мардуми белорус ва шахсан аз номи худам ба шумо ва наздикони ҳалокшудагон тасаллияти амиқ баён мекунам», – гуфтааст ӯ.
Лукашенко изҳори умедворӣ намудааст, ки паёмадҳои офати табиӣ ҳарчи зудтар бартараф шуда, минтақа ва аҳолии осебдида ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари тармаи дар Хоруғ фаромада, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок шуда, 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Барои наҷоти осебдидагон натанҳо наҷотдиҳандагони касбӣ, балки ризокорон (волонтёрҳо) ва ихтиёриён низ ҷалб шуданд. Онҳо аз ҷараёни амалиёти наҷотдиҳӣ нақл карданд.