spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оё Русия метавонад неруҳои СААД-ро ба ҷанг дар Украина ҷалб кунад ва ваъдаҳои нави “Толибон” чӣ арзише доранд?

Коршиносон ва сиёсатмадорон дар баҳору тобистони соли 2023 шиддатёбии вазъи ҳарбиву сиёсиро дар Украина ва Русия интизорӣ доранд. Ин ба он маъност, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон низ печидатар мешавад ва хатари сафарбарии оммавии муҳоҷирони тоҷик ба ҷанг дар Украина ба маротиб бештар мешавад.

Ҷанг дар Украина ба мусобиқаи логистикӣ табдил ёфт

Аз 17 то 19 феврал дар Олмон конфронси дурӯзаи 59-уми Мюнхен оид ба амният доир гардид. Ин чорабинии ҳамасола, ки аз соли 1963 инҷониб дар ин ҷо баргузор мешавад, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, элитаи сиёсии кишварҳои гуногун, намояндагони низомӣ ва тиҷорат, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва коршиносони масоили амниятиро гирдиҳам меорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Конфронси 59-уми Мюнхен оид ба амният

Дар конфронс аз солҳои 90-ум намояндагони Русия ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон ширкат меварзанд. Дар ҷараёни он бо созмонҳои ғайридавлатӣ ба монанди "Transparency International", "Greenpeace" ё "Amnesty International" зиёда аз 100 чорабинии иловагӣ баргузор мешавад.

Аз соли 2015 инҷониб дар остонаи конфронс ҳамасола Гузориши бехатарии Мюнхен ва Индекси бехатарии Мюнхен чоп мешавад, ки бар асоси назарсанҷии аҳолӣ дар ҷаҳон таҳия мегардад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Лавров дар бораи фишори Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард

Имсол, ба навиштаи EurAsia Daily, созмондиҳандагон бо ишора ба низоъ ва "афзоиши саркӯбиҳо", тасмим гирифтанд, ки дар Русия назарпурсӣ баргузор накунанд. Ҳамчунин, дар ин конфронс намояндагони расмии Русия ва Эрон ҳузур надоштанд: мақомоти Русия бори аввал дар 20 соли ахир даъват нашуданд.

Ба ҷойи онҳо дар ин конфронс намояндагони мухолифони Русия, ки дар хориҷ паноҳандагӣ гирифтаанд, суханронӣ карданд, аз ҷумла Михаил Ходорковский, Гарри Каспаров, Жанна Немтсова ва Ирина Шербакова.

Рӯзи 14 феврал дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел низ нӯҳумин Раймштейн, яъне нӯҳумин нишасти Гурӯҳи тамос баргузор шуд. Дар он кишварҳое, ки ба Киев барои рафъи таҷовузи Русия кумак мекунанд, талошҳои муштаракро барои ҳимоят аз артиши Украина ҳамоҳанг месозанд.

Ин дафъа, ба иттилои ВВС, кишварҳои иштирокчӣ дархости Киевро барои интиқоли ҳавопаймоҳо напазируфта, лекин тасмим гирифтанд, ки муҳимот  ва лавозимоти ҷангӣ барои аслиҳаи аллакай расонидашударо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки ҷанг дар Украина ба як мусобиқаи логистикӣ табдил ёфтааст: ҳам Русия ва ҳам Украина дар интиқоли муҳимот ва аслиҳа ба хатти ҷабҳа бо мушкилоти бузург рӯбарӯ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, Украина нисбат ба истеҳсоли кишварҳои узви НАТО хеле бештар лавозимоти ҷангӣ истифода мекунад.

Шиддат афзуда, оқибатҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бадтар мешаванд

Бо натиҷагирӣ аз ин ду мулоқот, инҳоро зикр кардан мумкин аст:

Аввал, лаҳни суханронӣ ва изҳороти аксарияти иштироккунандагон – роҳбарони мамлакатҳои «Ғарби дастчамъӣ» аз ҳарвақта дида хеле тезу тундтар садо доданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як ҳафтаи ҷаҳон: Аз заминларзаи Туркия Тоҷикистон чӣ хулосаҳое бардошта метавонад?

Тавре ки ВВС менависад, бахусус суханрониҳои ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис, ки роҳбарияти Федератсияи Русияро ба «ҷиноятҳои зидди башарият» айбдор кард (гуфтаи таҳтуллафзӣ аз мурофиаи Нюрнберг) ва сарвазири Бритониё, ки хостори дучанд кардани интиқоли силоҳ ба Украина ва ҳарчи зудтар ҷудо кардани яроқи дурпарвоз буданд, тунд садо дод.

Лаҳни дурушт қисман ба он вобаста буд, ки конфронс дар пасманзари маълумот дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Русия дар Донбасс гӯиё ба хотири солгарди оғози ҷанг баргузор шуд.

Дуюм, иштирокчиёни конфронс ба мувофиқа расиданд, ки ҷанг дар Украина ва бархӯрди Ғарб ва Русия имсол ба поён нахоҳанд расид. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар ин робита гуфтанд, ки ҷаҳон бояд ба ҷанги тӯлонӣ омода шавад ва имсол душвор хоҳад буд.

Сеюм, роҳбарони кишварҳои ширкаткунанда бори дигар тасдиқ карданд, ки Украинаро то даме, ки лозим аст, дастгирӣ мекунанд. Дар ин робита Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, "агар Русия нерӯҳояшро барорад, ҷанг хотима меёбад. Агар Украина аз ҷанг даст кашад, ин заволи Украина хоҳад буд".

Чорум, ширкаткунандагони нишаст ҳамчунин дар бораи зарурати ҳамкорӣ бо афкори умум дар Аврупо ва ИМА ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи ҳимоят аз Украина мисли пешин – сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ, таваррум ва болоравии қимати нерӯи барқ ​​суҳбат карданд.

Аз ин метавон ба чунин хулосаи асосии зерин расид: аксари коршиносон ва сиёсатмадорон имрӯз шиддатёбии вазъи низомию сиёсиро дар баҳору тобистони соли 2023 интизоранд.   

Назарпурсии афкори ҷомеа аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шиддат аз ҳар ду ҷониб рӯз то рӯз меафзояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қувваҳои мусаллаҳи Украина

Тавре ки DW менависад, пурсишҳои ахир дар Украина нишон доданд, ки кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ таслим шуданӣ нест, ҳатто агар Русия аз силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) истифода кунад: 95 дарсади пурсидашудагон чунин изҳори назар кардаанд.

Барои кишварҳои пасошӯравӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ин маънои онро дорад, ки эҳтимол вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ душвортар гардад, дар навбати аввал бо сабаби вобастагӣ ва робитаҳои наздик бо иқтисоди Русия, ки таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, яке аз паёмадҳои эҳтимолӣ метавонад сафарбарии оммавии шахсони дорои ду шаҳрвандӣ ва зодагони Осиёи Марказӣ бошад, ки шиносномаи Русияро гирифтаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2022 теъдоди рекордии тоҷикистониён шаҳрванди Русия шуданд

Танҳо дар соли гузашта беш аз 174 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон шиносномаи Русия гирифтанд, ки нисбат ба соли 2021 қариб 70 ҳазор нафар зиёд аст. Табиист, ки ҳамаи шаҳрвандони нав, тибқи қонунҳои Русия, бо вуҷуди доштани шаҳрвандии дуюм, метавонанд сафарбар шаванд.

Илова бар ин, теъдоди хеле зиёди муҳоҷирони корӣ ҳам бо ихтиёри худ ва ҳам таҳти фишори маъмурӣ бо Вазорати дифои Русия шартномаи низомӣ баста метавонанд.

Дар маҷмӯъ, барои мақомоти Русия сафарбариии шаҳрвандони нав аз нуқтаи назари сирф сиёсӣ як роҳи афзалтар ба назар мерасад – аксари онҳо ҳанӯз ба ҷомеаи Русия ба таври кофӣ ҳамгиро нашудаанд.

Мутаносибан, эҳтимоли он ки талафоти эҳтимолӣ дар байни муҳоҷирон назаррас бошад ва ба сатҳи умумии норозигии иҷтимоӣ дар кишвар таъсир расонад, камтар аст.

Оё Русия неруҳои СААД-ро ба ҷанг дар Украина ҷалб карда метавонад?

Ҷанбаи дигари таъсири муноқишаи Русияву Украина ба ӯҳдадориҳои шарикон ва муттаҳидони Русия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) марбут аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сироҷиддин Муҳриддин: "Мо зидди ширкати шаҳрвандонамон дар муноқишаи Русияву Украина ҳастем"

Шарикони Маскав дар СААД аз аввал дар робита ба низоъ мавқеъи эҳтиёткорона ва бетарафро ишғол намуда, аз изҳороти расмӣ ҳам ба ҷонибдорӣ ва ҳам алайҳи иқдомоти низомии Русия дар Украина худдорӣ варзиданд.

Аввали ҳафтаи гузашта дар дидор бо Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири нави СААД, президенти Беларус Александр Лукашенко бори дигар аз ин масъала изҳори норозигӣ кард.

Президентии Беларус, кишваре, ки раёсати ин созмонро дар соли 2023 бар уҳда гирифт, бо шеваи ибратбахши маъмулии худ аз ҳампаймонҳои СААД талаб кард, ки билохира мавзеъгирии мушаххасе дошта бошанд.

Хабаргузории русиягии ТАСС суханҳои ӯро меорад:

“Агар касе фикр кунад, ки муноқишаи байни Украинаву Русия моҷарои мо несту мо дар ҷое ором мешинем, ҳеҷ чиз намешавад. Вакти он фаро мерасад, он дур нест, шояд пагоҳ ва азми қатъӣ доштан, мавқеи муайяне ишғол карданро талаб мекунад”.

Ба андешаи ӯ, дар якҷогӣ ин  “ҳамеша осонтар аст".

Чунин гуфтору даъватҳо ба иттифоқчиён барои "якҷо дӯст будан" барои Лукашенко аслан падидаи нав нест. Соли гузашта зимни суханронӣ дар нишасти сарони СААД дар Ереван ӯ гуфта буд, ки сарнавишти ин созмон ба натоиҷи ҷанг дар Украина бастагӣ дорад. Ба иттилои ТСН, ӯ илова карда буд, ки иштирокчиёни нишасти ин созмон ба як тавофуқ расидаанд, ки "агар Худо накунаду Русия аз ҳам пошида шавад, ҷои мо зери ин харобаҳо хоҳад буд".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Александр Лукашенко. Акс аз бойгонӣ

Бо вуҷуди ин, ба навиштаи ТАСС, дар соли 2017 Лукашенко аз ояндаи Иттиҳодияи Аврупо низ самимона нигарон буд ва ҳушдор дод: "Агар чунин пуштибонии тавонои сайёра аз байн равад, мушкилот пеш хоҳад омад" ва ваъда дод, ки ҳамеша ҷонибдори муттаҳидшавӣ ва субот дар Аврупо хоҳад буд.

Аммо аз ҳама муҳимаш, изҳороти ӯ дар бораи эълони нақшаҳои ислоҳоти ояндаи СААД аст. Тибқи он, СААД таҳти раёсати Беларус талош хоҳад кард, то мушкилоти даргириҳои фаромарзӣ – дар минтақаи Қаафқоз ва Осиёи Миёнаро ҳал кунад.

Ин, зоҳиран ба он маъност, ки дар соли ҷорӣ Маскав ва СААД барои ҳалли низоъҳои марзӣ миёни кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Қирғизистон, фаъол хоҳанд шуд.

Ҳамчунин эҳтимол меравад, ки СААД рушд ва ислоҳоти нерӯҳои дастҷамъии зудамалро дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар нақша дорад. Ин нерӯҳо дар соли 2009 аз даҳ баталён (сето аз Русия, дуто аз Қазоқистон, боқимонда кишварҳои узви СПАД – як баталёнӣ) иборат буда, теъдоди умумии онҳо ҳудуди 4 ҳазор нафарро ташкил медод.

Моҳи январи соли 2022 бо дархости ҳукумати Қазоқистон воҳидҳои Нерӯҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД дар ҷараёни ошӯбҳо ба кишвар ворид карда шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дабири кулли СААД дар бораи хатарҳо ба Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Чин

Он рӯйдодҳо ба як андоза барои Созмон як намунаи қонунӣ шуданд, то ки дар оянда нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ барои ҳал ва пешгирии низоъҳо дар фазои пасошӯравӣ истифода шаванд.

Дуруст аст, ки аъзои СААД ба эҳтимоли зиёд, дар мавриди ваколат ва вазифаҳои ояндаи Неруҳои дастҷамъии посдори сулҳ назари мухталиф доранд. Моҳи апрели соли 2022, дар авҷи даргириҳо дар Украина Путин протоколи созиш дар бораи фаъолияти неруҳои посдори сулҳи Созмонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Дар он мафҳуми «давлати ҳамоҳангсоз» пайдо шуд ки албатта, зери он Русия дар назар дошта шудааст.

Тахмин меравад, ки Неруҳои посдори сулҳи СААД дар амалиёти посдории сулҳ дар фазои пасошӯравӣ ва берун аз он истифода хоҳанд шуд.

Тавре ки нашрияи русиягии Накануне.ру менависад, оянда ин барои ҷалби СААД дар «амалиёти таъмини сулҳ» дар Украина бо нақши ҳамоҳангсози Русия асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Лекин барои ин розигии СММ ва дигар кишварҳои шарики СААД лозим аст, ки муваффақ шудан ба он барои Русия ва Беларус мушкил хоҳад буд.

Ваъдаҳои нави “Толибон”

Ҳамин ҳафта Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон изҳор дошт, ки ба зудӣ ба занону духтарон ҷиҳати таҳсил ва кор "дар доира (формат)-и исломӣ, анъанаҳои Афғонистон ва қонунҳои шариат" имкон дода мешавад. Дар ин бора хабаргузории Gazeta.uz бо такя ба шабакаи телевизионии Афғонистон Tolonews хабар медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Толибон ба духтарони Афғонистон супоридани имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳро манъ карданд

Ёдрас мекунем, ки раҳбарияти Толибон дар остонаи ба қудрат расиданашон борҳо ваъда дода буд, ки ҳуқуқи занони афғонро эҳтиром хоҳанд кард. Аммо аллакай дар моҳи августи соли 2021 фавран пас аз ба қудрат расидан, гирифтани маълумоти миёнаи пурраро ба занон манъ карданд.

Моҳи декабри соли 2022 Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дастрасии занонро ба макотиби олӣ ва кор кардани онҳоро дар ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва хориҷӣ манъ кард.

Ин ба баста шудани бисёре аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар кишвар ва бад шудани муносибати ҳукумати нави Афғонистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ боис гардид.

Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки хабари ахир дар расонаҳои ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ба бор овард, аммо ба он дар фазои пасошӯравӣ, пеш аз ҳама дар кишварҳое, ки имрӯз талош доранд, равобит бо Толибонро беҳбуд бахшанд ва ҳатто ба онҳо ҷиҳати эътирофашон дар сатҳи байнулмилалӣ кумак кунанд, таваҷҷуҳи бештанре зоҳир шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хатмкунандагони Донишгоҳи Амрико дар Афғонистон, соли 2017

Ҷонибдорони қонунигардонии фаъолиятии ҳукумати Толибон дар сатҳи байнулмилалӣ ин эълонро далели он медонанд, ки Толибон ба самти беҳтар тағйир меёбанд ва омодаанд ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ гузашт кунанд.

Аммо, дар асл, бо таваҷҷӯҳ ба нусхаи аслии изҳороти Шермуҳаммад Абас Станекзай, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон дар Tolonews, дар он ба таври умумӣ танҳо доир ба нақшаҳои “таъмини дастрасии ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла занону духтарон, ба кор ва таҳсил” ишора мешавад.

Дар баробари ин, доир ба зарурати риояи анъана ва шариат ишора шуда, зери он ҳама гуна шартҳои сахттаринро метавон ба миён овард, ки аллакай чандин маротиба анҷом дода шудааст.

Аз ин рӯ, дар асл дар бораи боз як иқдоми тактикии роҳбарияти ҳаракат сухан меравад, аниқтараш бо мақсади паст кардани сатҳи танқид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Оштинопазирии Толибон ҳатто дар байни он кишварҳо ва ҳукуматҳое, ки ошкоро ё пинҳон ба эътирофи байналмилалии он пофишорӣ мекунанд, боиси интиқод ва норозигӣ мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пас аз сари қудрат омадани "Толибон" занони Афғонистон ба тазоҳурот даст мезананд. Сарфи назар аз манъкуниҳо

Тибқи иттилои ТАСС, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёи ВКД Замир Кобулов рӯзи 12 феврал хабар дод, ки дар мавриди манъҳо бо раҳбарияти “Толибон”гуфтугӯ мекунад.

Ба ақидаи Кобулов, ки ба толибон назари хайрхоҳона дорад, қарори онҳо дар бораи манъи таҳсили занон дар донишгоҳҳо ҳеҷ маъние надорад.

“Ман мехоҳам, ки бо раҳбарияти “Толибон” суҳбат карда, аз нигаронӣ ва ноумедиҳоямон хабар диҳам”.

Тавре ки нашрияи Коммерсант хабар медиҳад, аввали моҳи феврал мақомоти Арабистони Саудӣ додани раводидро ба вазири умури ҳаҷ ва вақфи ҳукумати Афғонистон Нур Муҳаммад Сақиб рад карданд. Тибқи маълумоти ВАО, сабабаш дар он будааст, ки ҳукумати ин кишвар аз маҳдудияти таҳсил барои духтарон норозӣ будааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Мо тайёр”. Посухи Рамазон Раҳимзода оид ба хатари ҳамлаи 4 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ аз Афғонистон

Дар ин замина намояндагони ҷиноҳи муътадили “Толибон” воқеан метавонанд изҳороти инфиродии дорои хусусияти мусолиҳакунанда диҳанд, то ҳарчи зудтар ба эътирофи байналмилалӣ  ва ҷалби сармояи хориҷӣ ноил гарданд.

Вале имрӯз, тавре ки бармеояд, дар ин ҳаракат тундгароҳо пурра бартарӣ доранд, ки ин сатҳи эътимод ба ваъда ва изҳороти хукумати нави Афғонистонро ба таври назаррас паст мекунад.

Аз ин рӯ, бархӯрд ба ҳукумати нави Афғонистон дар саросари минтақа ҳадди ақалл эҳтиёткорона боқӣ мемонад. Гузашта аз ин, ин ҷо на танҳо дар бораи Тоҷикистон сухан меравад, ки маъмулан ба ваъдаҳои толибон бо нобоварӣ муносибат мекунад.

Аз изҳороти болои Кобулов бармеояд, ки якравӣ ва майл надоштани Толибон ба хурдтарин созиш, ба хашми ҳарчи бештар дар миёни сарпарастон ва ҷонибдорони пинҳону ошкори онҳо боис мегардад.

Ва баъдан, агар толибон ба ваъдаҳои худ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф вафо накунанд, пас чӣ гуна метавон ба итминонҳои сиёсии онҳо эътимод кард?

Масалан, дар ин замина то куҷо метавон ба ваъдаҳои Толибон дар бораи дахолат накардан ба умури кишварҳои ҳамсоя, дастгирӣ накардани ҷиҳодиёни байнулмилалӣ ва роҳ надодан ба онҳо дар ташкили гурӯҳҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бовар кард?

Мутаносибан, шубҳаҳо ҳам ба иҷрои шартномаҳо аз ҷониби ҳукумати нави Афғонистон аз ҳамин ҷо бармеоянд ва тавре ки таҷриба нишон медиҳад, пас аз мустаҳкам шудани ҳокимияти худ дар мамлакат, онҳо метавонанд осонакак аз иҷрои тамоми уҳдадорӣ ва ваъдаҳо даст кашанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...