Михаил Мишустин, сарвазири Русия, рӯзҳои 2-3-юми март бо як сафари корӣ озими Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки рӯзи 2-юми март Михаил Мишустин дар 9-умин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Русия ширкат кунад.
“Дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар назар аст”, – таъкид мекунад хабаргузорӣ.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки мусоҳибон вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карда, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 млн доллар сармогузорӣ кардааст.