spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Котиби давлатии ИМА ба Осиёи Марказӣ 25 млн доллар кумак ваъда кард

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар ҷараёни сафар ба Остона (Қазоқистон) ба Осиёи Марказӣ барои коҳиши вобастагӣ аз Русия кумак ваъда кард, менависад Азаттык.

Дар ҷараёни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақа дар пойтахти Қазоқистон дар қолаби С5+1 котиби давлатии ИМА дар бораи бастаи нави кумаки Вашингтон ба маблағи 25 млн доллар хабар дод.

Блинкен изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида "истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-и кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сафари Блинкенро “такони иловагӣ” ба ҳамкории давлатҳо номидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо Котиби давлатии ИМА вомехӯранд

Дар навбати худ котиби давлатии ИМА изҳор доштааст, ки Қазоқистон барои зиён аз таҳримҳои зидди Русия ҷуброн мегирад.

“ИМА ба кишварҳои шарики Русия хисорот бар асари таҳримҳоро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа ба ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷоратӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишварҳо низ зарба заданд. Дар ИМА онҳо инро мефаҳманд ва ваъда медиҳанд, ки оқибатҳои онро ҷуброн мекунанд”, – иброз доштааст дар Остона котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, хабар медиҳад Orda.

Тибқи маълумоти ӯ, ширкатҳое, ки фаъолияташонро дар Русия коҳиш медиҳанд, имконоти нав пайдо мекунанд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар Остона Блинкен ҳушдорҳои худ алайҳи Чинро дар сурати пуштибонии низомии Чин аз Русия дар ҷанг бо Украина такрор кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Энтони Блинкен зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ дар Остона, 28 феврали соли 2023

Департаменти давлатии ИМА дар изҳороти худ аз 27 феврал ин вохӯриро ба сифати як нишасте арзёбӣ намуд, ки “ба ҳамкорӣ дар дохили минтақа ва байни ИМА ва Осиёи Марказӣ барои ноил шудан ба "Осиёи Марказии мустақил, шукуфон ва амн, ки мушкилоти муштаракро дар шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҳал мекунад, таҳким мебахшад".

C5+1 яке аз воситаҳои дастгирии ИМА аз "истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-и кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст”, – зикр мешавад дар изҳорот.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Лавров дар бораи фишори Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии минтақа дар қолаби С5+1 иштирок кард.

“Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд”, – зикр мегардад дар хабари ВКХ Тоҷикистон дар ин хусус.

Қобили зикр аст, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен шаби 28 феврал ба шаҳри Остона омад. Аз Қазоқистон ӯ ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Ҳиндустон – ба нишасти “Бистгонаи бузург” раҳсипор мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...