«Украина ҳамчун лоиҳаи зидди Русия»
Рӯзи 21 феврал президенти Русия Владимир Путин барои бори 18-ум бо паём ба Маҷлиси федералӣ муроҷиат кард. Одатан, Паём як ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки нуқтаи назари Президенти Федератсияи Русияро оид ба самтҳои стратегии рушди кишвар дар ояндаи наздик ифода мекунад.
Имсол ин паём ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард.
Аввалан, барои он ки президенти Русия бори нахуст дар парлумон дар баробари ҷанги воқеии густарда ва ғайричашмдошт тӯлонӣ, таҳримҳои густарда ва афзоиши дар канор гузоштан аз арсаи байнулмилалӣ (инзиво) суханронӣ кард.
Сониян, худи санаи паём чанд маротиба ба таъхир афтода, дар соли 2022 ироа нашуд. Тибқи фарзияи расмии пешниҳодкардаи худи Путин, тавре ки хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст, ба таъхир гузоштани муроҷиат ба хоҳиши президент ба "дақиқтар рӯйи он кор кардан” вобаста буд, “то ки он танҳо як расмиёти одӣ набошад”.
Аммо, ба навиштаи ВВС, мақомоти Русия дар аввал ният доштанд, ки муроҷиати худро ба як дастоварди бузург дар ҷанг бо Украина, ки тӯли тамоми соли гузашта ба даст наомадааст, нисбат диҳанд.
Сеюм, маросими паёми солона дар пасманзари сафари ногаҳонии президенти ИМА Байден ба Лаҳистон (Полша) ва Украина ва ҳамчунин изҳороти як зумра аз раҳбарони ғарбӣ дар бораи нияти идомаи пуштибонӣ аз Украина сурат гирифт. Мутаносибан, дар ин шароит бисёре аз расонаҳо ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз президенти Русия изҳороти ҳассосро интизор буданд.
Ба ин тартиб, онҳо дар бораи эҳтимоли эълони расмии ҷанг алайҳи Украина ва дар ин замина сафарбаркунии умумӣ, бастани марзҳо ва ҳатто ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар қаламрави Русия ҳарф заданд.
Бо вуҷуди ин, ҳамаи ин сурат нагирифт. Президенти Русия имсол ягон тадбири шадид ё иқдоми ҳангомаомезро эълон накард, ҳарчанд дар суханронии худ изҳорот ва иттиҳомоти шадид алайҳи “Ғарби дастаҷамъӣ” ва “кишварҳои нодӯст” зиёд буд.
Дар баробари ин, дар паёми ӯ чанд нуктаи муҳиме ҳаст, ки ба назарам, аз ҷумла барои тамоми мамлакатҳои ИДМ аҳаммияти назаррас доранд.
Пеш аз ҳама, ин дафъа сухангӯӣ ва лаҳни президенти Русия шояд аз ҳарвақта бештар муқобил ва оштинопазиртар буд. Воқеан, дар паём аз носозгории комили Русия аз як сӯ ва аз сӯи дигар Ғарбу Украина сухан меравад.
Ба ин тариқ, Владимир Путин қаблан борҳо дар бораи давлатдории Украина шубҳа мекард, аммо ин дафъа лаҳни ӯ махсусан дар ибораҳои: "Украина, ин зидди Русия аст", “лоиҳае, ки дар асри 19 бо ҳадафи "пора кардани қаламравҳои таърихӣ" аз мамлакати мо, ки имрӯз Украина меноманд», хеле тунду шадид буд.
Аз ин лиҳоз, Украина дигар аслан ҳамчун “кишвари хориҷӣ” дониста нашуда, балки ҳамчун қаламрави аслии он, бахше аз Русияи дохилӣ ва амалиёти низомӣ аллакай сирф дифоъӣ муаррифӣ мешавад.
Ҳамин тариқ, дар ҳадафҳои ба истилоҳ Амалиёти махсуси низомӣ (СВО) тағйирот ба амал омад – яъне воқеан, дигар на дар бораи «нест кардани миллатпарастҳо ва беяроқ кардан (денацификация ва демилитаризатсия)-и Украина (чунон ки дар оғози ҷанг эълон шуда буд), балки дар бораи рафъи ниҳоии он ҳамчун лоиҳаи зидди Русия сухан меравад.
Дар ин тафсир, ҳатто номи кишвар – "Украина" аллакай як қисми суиқасд (тавтеа)-и зидди Русия ба назар мерасад, ки он низ бояд аз байн бурда шавад.
Ғайр аз ин, тавре ки Радиои Озодӣ менависад, Путин ин дафъа хусусияти "сарнавиштсоз"-и низоъро таъкид кард – ин дигар танҳо ҷанг нест, балки бархӯрди ду тамаддун аст, ки дар сурати бохт Русия ва мардуми Русия мавҷудияташро дар шакли имрӯзааш аз даст медиҳад. Маскавиҳо, зодагони Урал ва ғайра боқӣ мемонанд».
Аз ин лиҳоз, дар ин паём махсусан чӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ ва Осиёи Марказӣ муҳим ба назар мерасад?
Ба андешаи ман, хулосаи аввал аз гуфтаҳои боло ин аст, ки мақомоти Русия ба таври возеҳ ва қатъӣ ба мухолифати дарозмуддат такя мекунанд. Ин маънои онро надорад, ки Маскав музокироти сулҳро намехоҳад, аммо аз назари Русия, танҳо бо шартҳои худ.
Маскав метавонад розӣ шавад, ки муноқишаро дар тӯли хатти феълии марзбандӣ барои муддате қатъ кунад.
Аммо агар созишномаи сулҳ баста шавад ҳам, бо чунин назар ба Украина, он ба ҳар сурат, муваққатӣ хоҳад буд.
Ва агар идеологияи ҳоким дар Русия тағйир наёбад, пас Маскав метавонад ҳамеша дар шароити мусоидтар ихтилофро боздорад, то бори дигар кӯшиш кунад, ки ба лоиҳаи «зидди Русия» ба якборагӣ хотима бахшад.
Дар ҳар сурат, кишварҳои минтақа ва ҳамсояҳои Русия бояд ба муноқишаи тӯлонӣ ва хушунатомез омода шаванд, ки эҳтимолан метавонад ба вазъи иқтисод ва молияи онҳо таъсири қобили мулоҳиза ва ҳатто ҳалкунанда дошта бошад.
Гузашта аз ин, то ҳол комилан рӯшан нест, ки ин таъсир маҳз чӣ гуна хоҳад буд, он ба муҳоҷирони корӣ, бозори меҳнат дар Федератсияи Русия, нархи нерӯи барқ дар минтақа ва ғайра чӣ гуна таъсир мерасонад.
Хулосаи дуввум ба як силсила иқдомоти зидди Ғарб дахл дорад, ки дар паёми Путин садо доданд. Аксари онҳо ба ин ё он шакл ба кишварҳои шарики Русия, ба равобити онҳо бо Ғарбу Русия ва сатҳи ҳамгироӣ дар доираи ИДМ таъсир мерасонанд.
Аз ҷумла, дар соҳаи маориф президенти Русия гузаштан ба модели “касбият” (профессионалитет)-и тайёр кардани мутахассисонро пешниҳод намуд, ки аслан маънои тарки низоми маорифи Болоня (ғарбӣ) ва бозгашт ба «дохилӣ», модели шӯравиро дорад.
Ёдрас мекунем, ки низоми Болоня дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ қабул шудааст. Моҳияти он дар қабули меъёрҳои ягонаи таълим аст; инчунин, донишҷӯён метавонанд бо роҳи осону хубтар (чандиртар, пайиҳам) маълумот гиранд, яъне масалан, аз рӯи як ихтисос бакалавр шаванд ва дар дигар ихтисос магистратураро хатм кунанд.
Ҳамин тариқ, ба донишҷӯён имконият дода мешавад, ки донишҳои соҳаҳои гуногунро муттаҳид намуда, худро ба фаъолияти касбӣ дар доираи ихтисосҳои мавҷуда омода созанд, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат бештар мувофиқанд.
Моҳи апрели соли 2022 Гурӯҳи Болоня тасмими боздоштани намояндагии Федератсияи Русия ва Беларусро дар сохторҳои раванди Болония эълон карда, дар моҳи май худи Русия дар бораи марҳила ба марҳила хориҷ шуданаш хабар дод. Ва акнун пас аз суханронии Путин ин раванд суръат мегирад ва ба эҳтимоли зиёд бебозгашт хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Kapital.kz менависад, дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ раванди ислоҳоти низоми маориф асосан ба самти муқобил идома дорад. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 кишварҳои минтақа фазои ягонаи Осиёи Марказиро дар соҳаи таҳсилоти олӣ – тибқи модели аврупоӣ таъсис доданд.
Он замон ҳамаи иштироккунандагони созишнома тасдиқ карданд, ки минтака ин ё он тарз дар доираи низоми Болоня инкишоф меёбад. Тафовути мавҷуд дар низоми таҳсилоти олӣ миёни Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои ИДМ барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд, аз ҳоло мушкилот эҷод кардааст.
То имрӯз Тоҷикистон расман ба раванди Болоня шомил нашудааст, ҳарчанд ба ин самт раҳсипор буда, аллакай бархе аз унсурҳои ин низоми таҳсилоти аврупоиро ҷорӣ кардааст.
Хориҷ шудани Русия аз раванди Болоня эҳтимолан имкони хатмкунандагони донишгоҳҳои Русияро дар бозори байналмилалии кор маҳдуд мекунад, зеро дипломҳои онҳо дар аксари кишварҳои хориҷӣ эътироф карда намешаванд.
Яке аз бандҳои ҷолиби Паём изҳороти хушбинонаи президенти Русия буд, ки гуфт, таҳримҳои Ғарб самарабахш нест ва ба худи Ғарб зарба мезанад. Ва инчунин, ки ММД-и Русия "дар соли 2022 2,1% коҳиш ёфт, гарчанде ки дар моҳи марти соли 2022 барои мо фурӯпоширо пешгӯӣ карда буданд".
Илова бар ин, Владимир Путин таъкид кард, ки бозори меҳнат мусоидтар шуда, бекорӣ дар Федератсияи Русия аз 4,7%-и қабл аз пандемия ҳоло – то 3,7% коҳиш ёфтааст.
Аммо, дар асл, ҳама чиз он қадар одӣ нест – тибқи маълумоти Евростат, сарфи назар аз бӯҳрони газ, иқтисоди Иттиҳоди Аврупо дар як соли охир 3,5% афзоиш ёфтааст. Дар мавриди сатҳи пасти бекорӣ, бояд дар хотир дошт, ки бозори меҳнати Русия дар як соли охир шумораи зиёди коргаронро аз даст дод – садҳо ҳазор нафар ба артиш сафарбар шуданд ва илова бар он, ҳадди ақал тақрибан як миллион русиягиҳо кишварро тарк карданд.
Ба ҳар ҳол, вазъи тағйирёфтаи бозори меҳнат низ барои муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад – ҳарчанд дар ин ҷо ҳоло номуайянии зиёд вуҷуд дорад. Ба эҳтимоли зиёд вазъи воқеии муҳоҷирони корӣ дар Русия дар чанд моҳи наздик вобаста ба рушди бархӯрди геополитикӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия ва Ғарб рӯшан хоҳад шуд.
Нақшаи сулҳи Чин
Боз як рӯйдоди муҳими даҳаи охир нақшаи сулҳ барои ҳалли муноқишаи Русияву Украина мебошад, ки Чин пешниҳод кардааст.
Ба навиштаи Forbes, ин санади иборат аз 12 банд бо номи "Мавқеъи Чин дар ҳалли сиёсии буҳрони Украина" аз ҷониби вазорати хориҷаи ин кишвар дар солгарди ҳамлаи Русия ба Украина нашр шудааст.
Пеш аз интишори нақшаи сулҳи худ, Чин корҳои зиёди дипломатӣ ва маъракаи воқеии таблиғотиро анҷом дод. Ба ин тариқ, дар конфронси Мюнхен онро собиқ роҳбари Идораи сиёсати хориҷӣ ва ҳоло масъули сиёсати хориҷии Бюрои Сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Ван И муаррифӣ кард.
Дар ҳошияи конфросн ӯ бо роҳбарони асосии мамлакатҳои Ғарб гуфтушунидҳо гузаронида, пас аз мулоқоташ бо президенти Фаронса Макрон ҳатто як изҳороти муштарак нашр шуд.
Ван И баъдан ба Маҷористон (Венгрия) рафта, дар он ҷо бо президент Орбан, ки миёни сиёсатмадорони аврупоӣ бештар ҷонибдори Русия дониста мешавад, мулоқот кард. Пас аз ин ӯ ба Маскав рафта, бо президент Владимир Путин, дабири Шӯрои амният Николай Патрушев ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дидору гуфтушунидҳо анҷом дод.
Баъди ин ҳама талошҳои зиёди дипломатӣ, аз нақшаи сулҳи Чин, ҳадди аққал чанд бархӯрд ва ғояҳои нав барои ҳалли бӯҳронро зиёд интизорӣ доштанд. Интизор мерафт, ки Чин нақшаи зина ба зина ва муфассал ва ҳамчунин иқдомҳои мушаххаси иҷрои онро пешниҳод кунад. Аммо ҳуҷҷате, ки дар ниҳоят Вазорати корҳои хориҷии Чин нашр кард, ба таври возеҳ ба интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқат накард.
Тавре ки DW менависад, нақшаи сулҳ дар асл як изҳорот буд, ки аз ҷумла дорои чунин нуктаҳо буд: "эҳтиром ба истиқлолияти ҳама кишварҳо", "даст кашидан аз тафаккури ҷанги сард", "хотимаи бахшидан ба амалиёти ҷангӣ", "барқарор кардани муколамаи мустақим» байни Москва ва Киев, инчунин — «катъ кардани таҳримҳои яктарафа».
Аз ин 12 банд ягона иқдоми мушаххас пешниҳоди оташбаси фаврӣ ва оғози музокирот аст. Дарвоқеъ, Чин пешниҳод кард, ки муноқиша ба муддати номуайян қатъ карда шавад, вақте ки тарафҳо дар мавқеъҳои худ боқӣ мемонанд, амалиёти ҷангӣ, инчунин интиқоли силоҳ ба минтақаи муноқиша боздошта мешавад.
Ба ин тартиб, ин тарҳ бештар ба манофеи Маскав мувофиқ аст, ки талош дорад интиқоли силоҳ ба Украинаро боздорад ва дар ниҳоят дар қаламравҳои ғасбшудаи Украина мавқеъ пайдо кунад. Ба эҳтимоли зиёд нақшаи сулҳи Чин дар Маскав мусбат пазируфта хоҳад шуд, менависад РБК бо истинод ба котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков.
Бо ҳамин сабаб ташаббусҳои Чин дар Киев ва пойтахтҳои Ғарб бо шубҳа пазируфта шуданд. Ба гузориши DW, мушовири дафтари Украина Михайло Подоляк гуфтааст, ки "ин на сулҳ, балки мутаваққиф кардани ҷанг аст".
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг мегӯяд, ин пешниҳодҳо мӯътамад нестанд, зеро "онҳо ҳатто қудрати маҳкум кардани таҷовуз ба Украинаро надоштанд". Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар остонаи ҳамла миёни Русия ва Чин дар бораи "шарикии бепоён" тавофуқнома ба имзо расид. Ба ин тартиб, ишора шуд, ки дар ин маврид Чин ба манфиати Русия амал мекунад.
Ба эҳтимоли зиёд, Чин интизор набуд, ки нақшаи сулҳи ӯ қабул мешавад. Комилан мумкин аст, ки Пекин бо ин роҳ танҳо мехост нақши давлати дуюми абарқудрат дар ҷаҳон буданро, ки дар Аврупо ва фазои пасошӯравӣ манфиатҳои худро дорад, тасдиқ кунад.
Инчунин мумкин аст, ки ба муддати номуайян боздоштани муноқиша барои Чин танҳо фоидаовар бошад, вақте ки Маскав маҷбур аст тамоми захираҳои худро барои муқобила бо Ғарб сарф кунаду аз ҷиҳати иқтисодӣ торафт бештар аз Пекин вобастагӣ дошта бошад ва ҷойгоҳи худро ба сифати бозигари асосии геополитикии Осиёи Миёнаи пасошӯравӣ ба он диҳад.
Заминларза дар Туркия – таконҳои нав, ҷустуҷӯи гунаҳкорон ва қаҳрамонҳо
Дар ҳамин ҳол, тайи даҳрӯзаи ахир дар Туркия заминларзаҳо идома ёфтанд, ҳарчанд шиддаташон мисли пешин баланду набуд ва бидуни талафоти ҷониву харобиҳои нав сурат гирифтанд.
То шоми 27 феврал теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия то 50,2 ҳазор нафар расид. Бино ба маълумоти вазири ҳифзи муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлим Мурат Курум, ки ширкати радио ва телевизиони туркии ТRT ба он истинод меорад, мақомоти Туркия 80% арзёбии зиёнро дар минтақаи заминларза дар ҷануби кишвар ба итмом расонидаанд. Ҳудуди 164 ҳазор бино ва 518 ҳазор манзилҳои ҷудогона тахриб шудаву осеб дидаанд.
Барои коҳиши шиддати интиқодҳо ва мизони ташаннуҷи иҷтимоӣ дар кишвар, ҳукумати Туркия хабар дод, ки дар робита ба фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари заминларза нисбати 612 нафар тафтишот роҳандозӣ шуда, 182 нафар бо шумули паймонкорони сохтмон, моликон ва мудирони бинову иншоот гумонбар дониста мешаванд ва то қарори суд ба ҳабс гирифта шудаанд.
Ҳамзамон Туркия аллакай дар моҳи март ба сохтмони беш аз 200 ҳазор хона дар манотиқи аз заминларза осебдида шурӯъ карда, ин корро дар давоми як сол анҷом медиҳад.
Зоҳиран ба хотири мухолифат ба чизе ба симои як мансабдори фасодкор ва таҳиягаре, ки пас аз заминларза дар ҷомеа ба вуҷуд омадааст, расонаҳои Туркия ба унвони мисоли мусбат саргузашти шаҳри Эрзин, воқеъ дар ҷануби кишварро, ки аз зилзила зарар дидааст, матраҳ мекунанд.
Ин шаҳри дорои 42 ҳазор нафар аҳолӣ аз харобиҳо ва талафот эмин монда, ба гуфтаи расонаҳо, дар ин кор шаҳрдори шаҳр Оккеш Элмасоглу нақши асосиро бозидааст, ки бо мавқеъи қотеъонаи худ зидди бинокорони бевиҷдон ба ин ноил гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки шаҳр низ ба туфайли мавқеъи мусоиди худ аз харобиҳо эмин мондааст, ки дар омади гап, худи раиси шаҳр инро дар суханрониҳояш зикр кардааст.
Ба ин тариқ, бино ба маълумоти Delfi ва Проверено.медиа, дар наздикии Эрзин ҳаракати тектоникӣ вуҷуд надорад. Тарқиш аз шаҳр 30-40 километр дуртар мегузарад ва дар байни онҳо қаторкӯҳҳои бузурги «Аманос» воқеъ гардида, худи шаҳр дар кӯҳи санглох ҷойгир аст, ки таъсири зилзилаҳои зеризаминиро кам мекунад.
Бо вуҷуди ин, чунин ҳолат маҳбубияти раиси шаҳри Эрзини Туркияро зиёд коҳиш надодааст – одамон ҳамеша бояд ба як чизи хуб, масалан, ба эҳтимолияти мавҷудияти бинокорони ростқавл ё вуҷуд надоштани мансабдорони фасодкор бовар кунанд. Гузашта аз ин, тибқи гуфтаи сокинони шаҳр, назорат аз болои фаъолияти лоиҳакашону бинокорон воқеан дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Шаҳри Эрзин барои Осиёи Марказӣ, ки минтақаи дорои зилзилаи баланд аст, дар ҳақиқат мисоли хуби он аст, ки низоми назорати қатъӣ дар ин минтақа на танҳо матлуб, балки имконпазир аст.