Дар доираи сафари давлатии президети Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон рӯзи 4 апрел Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
“Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад”, – зикр мешавад дар хабар.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, дар доираи кори Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ки ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.
Ҳудуди 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел аз сафари давлатии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон низ интизорӣ меравад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ин сафар рӯзҳои 10-11 апрел ба нақша гирифта шудааст.
Дар остонаи сафари президенти Туркманистон, дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад.