spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафири Амрико: Мехоҳем Тоҷикистон интихоб дошта бошад

Мануэл Микаллер, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон гуфт, дар пасманзари таҳримоти Ғарбу Амрико болои Русия ва убури таҳримҳо тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимоли хатари ҷорӣ гардидани таҳримҳо болои Тоҷикистон низ ҷой дорад.

Ӯ 12-уми апрел, дар аввалин мулоқоти худ бо журналистон аз ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкорони тоҷик даъват кард, ки ба рӯйхати таҳримот, ки дар манбаи боз аст, шинос шаванд ва маълумот пайдо кунанд.

“…Мо кӯшиш мекунем, ки бори дигар дар талоши деринаи худ ба мардуми тоҷик, ба ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷиҳати шарикони иқтисодӣ, аз ҷиҳати муштариёни тиҷорӣ имконияту интихоб фароҳам орем, мо ҳеҷ гоҳ интихобро таҳмил накардаем, ин як кишвари соҳибихтиёр аст, аммо мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ин интихобро дошта бошад, аз ҷумла шарикӣ бо ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳо дар равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ."

“Бузургтарин донори Тоҷикистон”

Сафир дар оғози суханронии худ се ҳадафи аслиашро зикр кард:

  • тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ, рушд ва пайвастшавӣ;
  • таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти сарҳади Тоҷикистон;
  • мусоидат ба рушди институтҳои бомасъулияту муассири идоракунӣ.

Сафир афзуд, ки соли 2022 ҳукумати ИМА танҳо тавассути USAID ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 40 миллион доллар кӯмак кардааст.

“Мо ягона кишвари бузургтарини донори Тоҷикистон боқӣ мемонем ва нақша дорем, ки дар солҳои оянда кумакҳои худро боз ҳам афзоиш диҳем. Аз ҷумла, 45 млн доллари иловагӣ дар сатҳи минтақа тавассути лоиҳаи Ташаббуси устувори иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби котиби давлатӣ эълон карда шуд”, – гуфт ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳама кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон мерасад

Мануэл Микаллер бо ишора ба вазъи Афғонистон зикр карад, ки ҳамаи кумакҳои башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути сарҳади Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон расонида мешавад. Ӯ гуфт, аз кумакҳои башардӯстони Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон, ки пайваста расонида мешавад, ҷонибдорӣ мекунад.

“Навобаста ба вазъи амниятии ин кишвар Тоҷикистон то ба ҳол ба ин кишвар барқ медиҳад. Дар ҳоле, ки ҳукумати Толибон ҳатто маблағи барқро пардохт намекунад”, – гуфт сафири ИМА.

Муҳим ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муколама омода бошанд

Сафир дар суханрониаш гуфт, ИМА минбаъд низ ба ҳуқуқи инсон, озодии дин, озодии матбуот ва озодии баён таваҷҷуҳ мекунад ва бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста мулоқот мекунад.

Номбурда илова кард, ки дар масъалаи озодии баён, кори журналистон ва фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ мехоҳанд бо мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муколама намоянд. Ба андешаи ӯ, қадами аввал дар ин самт, омодаи гуфтугӯ бадани ҷонибҳо мебошад.

Афғонистон ва тақдири норӯшани чархоблҳо

Мануэл Микаллер оид ба мавқеи Амрико дар робита ба вазъи Афғонистон гуфт, ки “тағйир наёфтааст”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Амрико дар Афғонистон иштибоҳи зиёд кард”. Воқеияти сафири собиқи ИМА дар Кобул

“Амният дар ҷои аввал аст. Оромӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон афзалияти ИМА ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, амнияти байнисарҳадии Афғонистону Тоҷикистон низ дар афзалият аст ва кушиш мекунем онро таъмин кунем”, – гуфт сафири нави ИМА.

Сафир дар мавриди чархоблҳое, ки замони суқути ҳукумати пешини Афғонистон ба Тоҷикистон омаданд, посухи рушан надод ва танҳо гуфт, Тоҷикистон эътироф кард, ки ин муҳимоти ҷанги моли Амрико аст ва ИМА дар навбати худ, чархболҳоро дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт ва “дар робита ба тақдири ояндаи онҳо беҳтар аз аз ҳукумати Тоҷикистон пурсед”.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, даъвои Толибонро* дар робита ба баргардонидани чархболҳо ба Афғонистон рад карданд.

Русия барои кишвраҳои ОМ фишанги таъсиррасон дорад

Сафир оид ба таъсири ҷанги Русия ва Украина ба иқтисоди кишварҳо посух дода, гуфт, ин вазъ ба Тоҷикистон ҳам таъсири манфии худро расонид ва нархи маҳсулоти озуқаворӣ баланд шуд.

“Русия болои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамаи фишанги таъсиррасонро дорад. Мо бояд ба ин кишварҳо иҷозат диҳем, ки роҳи худашонро интихоб кунанд”, – гуфт Мануэл Микаллер.

Саволҳои беҷавоб низ буданд

Дар ҳамин ҳол, сафири навтаъини ИМА аз посух ба баъзе саволҳои мушаххас канор рафт ё бо суханҳои умумӣ посух дод.

Ӯ аз ҷумла ба суоли он ки “чаро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дастгирӣ намекунед”, ҷавоби рӯшан надод.

Ҳамчунин, ба суоли он ки “25 млн доллари Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар ҷараёни сафари расмӣ ба шаҳри Остона ваъда карда буд, кай дода мешавад ва он байни кишварҳо чӣ гуна тақсим мешавад”, посухи мушаххас надод.

Ба суоли “Азия-Плюс” дар робита ба даъвои Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, оид ба фишори Амрико ба кишварҳо барои ҷонибдорӣ накардан аз таҳримҳо, посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, ки ин суолро аз масъулини ВКХ-и Русия пурсед.

Ҳамчунин, ба суоли “назари Амрико оид ба пешниҳодоти додани чархболҳо ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” ҳам посухи рӯшан надод.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...