Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ бо фаъолияти як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Ваҳдат аз наздик ошно гашт.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Э.Раҳмон дар маросими ба истифода додани якчанд иншооти бунёднамудаи соҳибкорон, аз ҷумла мағозаи «Олами китоб» ва маркази тиҷоратии «Ғуломҷон иштирок кард. «Ӯ аз корхонаи паррандапарварии «Наврӯз боздид карда, айни замон барои шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ба деҳоти ҷамоаи «Чӯянгарон рафтааст, идома дод манбаъ. –
Сарвари давлат ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Саидраҳмон»-и ҷамоати Баҳор ва боғи «Ориёно»-и ҷамоати Чиртак аз наздик шинос шуд.