Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Асиф Алӣ Зардарӣ ба муносибати ба ин маснад интихоб гардиданаш барқияи шодбош ирсол намуд.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар барқия, аз ҷумла зикр шудааст, ки «Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносиботи ҳамкории миёни кишварҳоро қаноатбахш ва барои тарафайн судманд арзёбӣ менамояд».
«Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон минбаъд низ бар асоси риояи баробарҳуқуқиву эҳтироми ҳамдигарӣ ва назардошти манфиатҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт ва аз фурсат истифода бурда, изҳор менамоям, ки дар ҳамдастӣ бо Шумо омодаам, баҳри рушду таҳкими муносибатҳо тамоми кӯшишро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода намоям», – гуфта мешавад дар барқия.