Душанбе, 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Қурбонов аз вазифаи директори Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев озод карда шуд.
Бо қарори дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ Рустам Зоғаков директори нерӯгоҳи мазкур таъин гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.