Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи президенти Озарбойҷон, ки дар таърихи 15-уми октябр баргузор мешаванд, гурӯҳи нозирон аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.
Аз Комиссияи марказиии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нозирони Тоҷикистон бар асоси даъвати ҷониби Озарбойҷон ва Муқаррароти ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар бораи интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар ин маърака иштирок мекунанд.
«Ҳайати нозирони Тоҷикистонро аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ Исроил Шоев ва Кенҷа Ҳасанов ва ҳамчунин роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Юсуф Салимов намояндагӣ мекунанд», – афзуд сарчашма. Ба мансаби президентии Озарбойҷон ҳафт нафар номзад довталабӣ мекунанд.