Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз оғози санаи шурӯъи ҳамкории миёни То
ҷ
икистону Швейтсария 10 сол пур мешавад.
Аз Дафтари ҳамкории Швейтсария ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба муносибати ин санаи фархунда нишасти матбуот
ӣ
доир гашта, т
ӯ
ли ду р
ӯ
з (26-27-уми сентябр) дар бинои тарабхонаи «Ёқут-2000» як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоишгоҳи лоиҳаҳои Швейтсария, намоишномаи театрӣ ва консерти асбобҳои мусиқии ҷаз баргузор мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар чорабиниҳо аъзои ҳукумат, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, зиёиён, намояндагони созмонҳои
ҷ
амъият
ӣ
ва васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл раиси шаҳри Душанбе дар бораи оғози корҳои омодаг
ӣ
ба та
ҷ
лили ин
ҷ
ашн қарор ба тасвиб расонид. Дар қарор бобати р
ӯ
зи 27-уми сентябр дар майдони «800-солагии Маскав» дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи то
ҷ
ик Далер Назаров, Шабнами Сурайё ва гур
ӯ
ҳи «Шамс» и
ҷ
озат дода шудааст.