spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Буҷети давлатии соли ояндаи Тоҷикистон нисбат ба буҷети давлатии соли равон 1,5 миллиард сомонӣ зиёдтар аст



           

Душанбе. 2-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат

 

Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» мавриди баррасию муҳокимаи муфассал қарор гирифт.





           

Чунонки аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳаҷми 7,1 дар сад ва таваррум 13 дар сад ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион

 

сомонӣ (29 дар сади ММД) – ро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Буҷети давлатии соли равон бо ҳисоби номиналӣ 1,5 миллиард сомонӣ зиёд аст.




           

Сарвари давлат Буҷети давлатии соли 2009 –ум ро буҷети рушди иқтисодӣ маънидод карда, таъкид дошт, ки

 

аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ равона мегардад, аз ҷумла ба сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра. 2 миллиарду 437 миллион сомонии Буҷети давлатии соли 2009 ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...