Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба аҳолии бар асари заминларзаи шадид зарардидаи кишвари дӯсту ҳамҷавори Қирғизистон кӯмаки башардӯстона хоҳад расонид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр дод, ки бо мақсади расонидани кўмаки башардўстона ба аҳолии аз заминларзаи 5 октябри соли ҷорӣ зарардидаи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирѓизистон аз ҳисоби захираҳои давлатии Тоҷикистон
100 м3
тахта, 2000 дона шифери фулузӣ, 100 тонна семент, 100 дона сатил, 100 дона дег, 200 маҷмўъ сару либос, 200 тонна орд, 5,2 тонна биринҷ, 5 тонна равѓан, 10 тонна шакар ва 25 тонна сўзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад.
Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки кўмаки мазкурро дар кўтоҳтарин мўҳлат ба аҳолии зарардидаи Ҷумҳурии Қирѓизистони дўсту ҳамсоя дастрас намоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.