Душанбе. 9-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе ду бинои серошёнаеро, ки ахири соли гузашта бар асари инфиҷори гази табиӣ зарар дида буданд, пурра барқарор сохт
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои барқарор сохтани хонаҳои маҳаллаи Зарафшон 376 ҳазору 949 сомонӣ ва кӯчаи Неъмат Қаробоев 483 ҳазору 736 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
«Ҳамчунин ба истиқоматкунандагони хонаҳои зарардида маблағи ҷубронпулии амволи аз дастрафтаашон низ пардохта шуд», – афзуд Ш.Саидов.
Ёдрас мекунем, ки ахири соли гузашта дар маҳаллаи Зарафшон ва кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе бар асари таркиши гази табиӣ манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дида буданд. Бар асари ин таркишҳо ду нафар ба ҳалокат расида буд.