Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина фармон ба имзо расонид.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки сохтор, штати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Украина муайян карда, барои таъмини он маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
Феълан сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ҳамзамон ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Украина ифои вазифа мекунад.