spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон ва сафири нави Олмон дар Тоҷикистон дурнамои густариши ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд


Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Гертрампф эътимоднома қабул намуд.




Дар сӯҳбати сарвари давлат Раҳмон бо хонум Дорис Гертрампф, ки баъди қабули эътимоднома сурат гирифт, масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.



Президенти мамлакат аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла, таъкид дошт:

 

«Олмон шарики боэътимод ва деринаи мо дар қитъаи Аврупо аст ва муносибатҳо бо он аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад».



Аз пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар сӯҳбат таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодие, ки дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Олмон имрӯз густариш пайдо мекунанд, бояд мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ қарор гиранд.



Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвари мо, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.



Ба гуфти Дорис Гертрампф Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2008 ва 2009 36 миллион евро ҷудо намудааст ва ҳамчунин омода аст, ки дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳои энергетикӣ саҳмгузор бошад.



Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...