Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Дафтари кории нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) боз мегардад.
Тавре сарёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари САҲА дар Душанбе Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои нав дар кӯчаи Аҳмади Дониш воқеъ буда, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорон ширкат хоҳанд варзид.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли равон дар мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Финландия Александер Стубб ҷонибҳо оид ба кушодани Дафтари САҲА дар Душанбе ба ивази Маркази САҲА ба мувофиқа расида буданд. Александер Стубб ҳамчунин изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон Коллеҷи сарҳадии САҲА низ ифтитоҳ хоҳад гардид.