Кӯлоб. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров ва Мӯминҷон Қаюмов дирӯз дар Кӯлоб ҷаласаи мизи мудавварро бахшида ба шарҳи кори парлумони Тоҷикистон ба интихобкунандагон баргузор карданд.
С.Нуров дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аксари интихобкунандагон оид ба кори парлумон ва фаъолияти намояндагони мардумӣ тасаввуроти дуруст надоранд. «Аз ин рӯ, мо қарор додем, ки дар бораи тарзи сохтори парлумон, фаъолияти намояндагони мардумӣ, ҷараёни қабули қонунҳо ва паҳлӯҳои дигари кори парлумон ба интихобкунандагони маълумоти муфассал диҳем», – гуфт ӯ.
Дар мавриди шарҳи масъалаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ, ки ба он интихобкунандагон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир сохтанд, намояндаи мардумӣ М.Қаюмов изҳор дошт, ки лоиҳаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 се ҳафта пештар нисбат ба солҳои дигар ба парлумон ирсол шудааст ва шурӯъ аз имрӯз гурӯҳи кории махсуси парлумон ба баррасии ҷузъиёти он оғоз хоҳад кард. «Буҷаи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2009 дар маҷмӯъ 6 млрд. 8 млн. сомониро ташкил медиҳад ва 75 дарсади даромади он аз маблағҳои пардохти андоз ҷамъоварӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар бо кӯмаки созмони байнулмилалии «
Pact
international
» ва шарики он дар Кӯлоб – Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» созмон дода шуд.