Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор дошт, ки бинобар як қатор омилҳои геополитикӣ ва таърихӣ масъалаҳои рӯзномаи Конфронси имрӯза барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ворид шудани яроқ, террористону экстремистҳо ва адабиёти тахрибгарона дар оғоз ва нимаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба муташанниҷ гардидани вазъият мусоидат мекард. «Бо қурбониҳои ҷонӣ, кӯшишҳои зиёд, хароҷот ва масрафи зиёди захираҳо мо имкон пайдо кардем, ки вазъиятро таҳти назорат гирем, – гуфт ӯ. – Дар ин ҷо мехоҳам нақши махсуси Россияро, ки бо дарки мушкилоти мавҷуда, ҳимояи сарҳадоти берунии моро он солҳо ба зиммаи худ гирифта буд, зикр намоям ва ҳамзамон бо ин, ташаккули қувваҳои худии сарҳадӣ ҷараён дошт, ки онҳо аз моҳи июли соли 2005 назорати тамоми сарҳадотро ба зиммаи худ гирифтанд».
Дар идомаи суханронӣ Э.Раҳмон изҳор дошт, ки дар давраи баъди соли 2003 ба кишвар дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои татбиқшаванда намудҳои гуногуни техника, сару либос, воситаҳои алоқа, технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, воситаҳои махсус ва таҷҳизоти дигар оварда шуданд, нуқтаҳои назоратӣ ва гузаргоҳҳо, инчунин заставаҳои сарҳадӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, кӯмакҳои расонидашуда, ҳарчанд ки вазъи моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадиро беҳтар гардониданд, вале онҳоро барои таъмини иҷрои босифат ва самарабахши вазифаҳои қӯшунҳои дахлдор кофӣ ҳисобидан нашояд. «Дар масъалаи таносуби ҳаҷми таъминот бо таҷҳизоту воситаҳо ва эҳтиёҷоти воқеӣ хеле норасоиҳо мавҷуданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки инчунин шартномаҳое мавҷуданд, ки дар рӯи коғаз мондаанд ё татбиқи амалии онҳо беасос тӯл мекашад.
«Тоҷикистон кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир нест, вале бинобар мавқеи ҷойгиршавии геополитикии худ ва бо Афғонистон дар масофаи қариб 1,5 ҳазор километр доштани сарҳадот бо шароити мураккаб ба яке аз сипарҳои асосӣ дар роҳи қочоқи он ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳои ҷаҳон мубаддал гаштааст», – афзуд ӯ.
Ба қавли ӯ, омили асосие, ки густариши вазъи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муайян месозад, афзоиши мунтазами истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон мебошад. Мувофиқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон 193 ҳазор гектарро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсоли он аз 8 ҳазору 200 тонна гузаштааст. Ғайр аз ин, дар солҳои охир дар Афғонистон афзоиши босуръати майдонҳои кишти каннабис (бангдона) мушоҳида мегардад. Дар сурати минбаъд идома пайдо кардани ин раванд дар ояндаи наздик Афғонистон метавонад илова бар маводи афъюн ҳамчунин истеҳсоли маводи мухаддири гурӯҳи каннабис (бангдона)-ро низ ба инҳисори худ табдил диҳад. Дар давоми нӯҳ соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 28 тонна героин дар муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст. Ин миқдори героин, агар он то ба истеъмолкунанда мерасид, метавонист зиёда аз 30 миллион одамро дар олам нашъаманд созад.
Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин баён дошт: «Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ дар се соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи паҳншавии маводи мухаддири Афғонистон дар минтақа ҳамчун сипари боэътимод боқӣ мемонад. Дар нимсолаи аввали соли 2008 ҳиссаи Тоҷикистон дар мусодираи маводи мухаддир дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 43 фоиз ва Осиёи Марказӣ 66 фоизро ташкил кард».
Сарвари давлати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба ҳалли проблемаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир натанҳо ҳамсояҳои Афғонистон, балки дар навбати аввал бояд давлатҳо – истеъмолкунандагони ниҳоии маводи мухаддири Афғонистон низ ҷалб карда шаванд.
Э.Раҳмон гуфт, бо дарназардошти тавсеа ёфтани қочоқи мухаддироти афғонӣ ва таҳдиде, ки аз он бармеояд, Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро на як бору ду бор даъват кардааст, ки кӯшишҳои худро дар самти мухолифат бо маводи мухаддир муттаҳид созанд ва онро ба кори муштараки ҳамагон табдил диҳанд.
Дар анҷоми маърӯза президенти Тоҷикистон таъкид сохт, ки бо мақсади таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа дар ҷаласаи чанде пеш дар Душанбе доиргардидаи Созмони Ҳамкории Шанхай Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар заминаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази зидди маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис дода шавад.
«Ғайр аз ин, мо пешниҳод мекунем, ки дар шаҳри Душанбе ҷиҳати тарбия ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд, Маркази махсуси таълимӣ таъсис дода шавад, – идома дод ӯ. – Аз ҷониби мо инчунин лоиҳаи ташкили Маркази махсуси миллии кинологӣ, ки татбиқи он якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифта мешавад, таҳия гардидаст. Бояд зикр намуд, ки дар сурати ташкил гардидани Маркази махсуси таълимӣ ва Маркази махсуси миллии кинологӣ бо дарназардошти умумияти забонӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон мо метавонем таълим ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистонро низ ташкил кунем». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронс бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо маводи мухаддир (
UNODC)
созмон дода шудааст.