Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар Ҳамоиши
III
-уми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ», ки рӯзҳои 24-25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.
Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қарорҳои дар ҳамоиш қабулгардида ва асноди ба тасвибрасида ба амалӣ гаштани чунин пешгӯи мусоидат хоҳанд кард.
В.Густов изҳор дошт, ки ду ҳамоиши қаблӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам сохтаанд. «Ман мӯътақидам, ки бо такя ба заминаи ҳуқуқиву шартномавии ташкилгардида, ҳамоиш баҳри рушди минбаъдаи босуръати ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», – гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, ки рушду тавсиаи робитаҳои минтақавӣ омили асосии таҳкими муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ боқӣ мемонанд. «Дар асоси созишномаҳои дуҷониба аллакай 70 субъектҳои Русия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондаанд», – гуфт В.Густов.