Душанбе. 23-уми октябр – Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат оғоз ёфт.
Дар ҷаласаҳое, ки дар кумитаҳои иқтисод, буҷет, молия ва андоз, оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология ва Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон доир гардид, лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 муҳокима гардид.
Иштирокдорони ҷаласаҳо ва гурӯҳи корӣ таклифу эродҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намуданд. Онҳо, зикр карданд, ки аз ҷониби Кумитаҳои мазкур як қатор таклифу эродҳо дар мавриди ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои табобати санаторӣ-курортӣ, андозаҳои ҷубронпулии роҳхатҳо ба ветеранҳои ҷанг, риояи таносуби ҷудо кардани маблағҳо барои дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, пешбинии маблағҳо барои амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, дар буҷети давлатӣ нишон додани ҳаҷми маблағҳо барои таҳсилоти умумӣ, истифодаи самараноки маблағҳо барои баланд бардоштани маоши муаллимон ва ғайраҳо пешниҳод гардидааст.
Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон идома дорад.